Садамаҳои нақлиётии марговар дар ноҳияҳои Ҷайҳун ва Хуросон
30-юми июли соли 2024, тахминан соати 01:05-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Бобоқулов Муҳаммадюсуф Саторович, соли таваллудаш 2002, сокини ноҳияи Ҷайҳун, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Ваҳдати миллии ноҳияи Ҷайҳун аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба девори мағозаи хӯрокворӣ бархӯрдааст.
Дар натиҷа, мусофири дохили автомашинаи мазкур Муқимов Мансурбек, соли таваллудаш 1999, сокини ҳамин ноҳия ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Худи ронанда, Бобоқулов М.С. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
30-юми июли соли 2024, тахминан соати 01:40-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, Усмонов Исломҷон Комилҷонович, соли таваллудаш 2003, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Бохтар ба самти шаҳри Душанбе, дар ҳудуди ноҳияи Хуросон аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба дучархаи тамғаи “Скутер” таҳти идораи Расулов Маҳмадтоҳир, соли таваллудаш 1995, сокини ноҳияи Хуросон бархӯрдааст.
Дар натиҷа ронандаи дучархаи тамғаи “Скутер” Расулов М. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.