Ошкор шудани ду ҳолати авбошӣ
Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 27-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 28-уми июли соли 2024, тахминан соатҳои 20:30-дақиқа, ҳангоми дар кӯчаи Ҳисори пойтахт дар назди маркази савдои “Арзон” қарор доштанаш марди 28-солаи сокини шаҳри Душанбе аз ҳиссиёти авбошӣ бо корд 2 маротиба дар пушташ задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Инчунин, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 33-солаи сокини шаҳри Кӯлоб бо гумони содир намудани ҷинояти авбошӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 25-уми июли соли 2024, тахминан соати 22:00, дар яке аз маҳаллаҳои шаҳри Кӯлоб аз ҳиссиёти авбошӣ бо марди 37-солаи сокини шаҳри мазкур ҷангу ҷанҷол намуда, бо корд 2 маротиба ба дасти чапаш задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 3 моддаи 237 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.