Таҷлили Рӯзи таъсисёбии Хадамоти давлатии оташнишонон
Рӯзи касбии оташнишонони Тоҷикистон бо иштироки муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори хизмати дохилӣ Нозим Иброҳимзода, сардори Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонии (СХДО) Вазорати корҳои дохилӣ генерал-майори хизмати дохилӣ Бахтиёр Умарзода, собиқадорони соҳа, роҳбарият ва ҳайати шахсӣ, инчунин кормандони воҳидҳои поёнии ин ниҳод ботантана таҷлил карда шуд.
Пас аз садо додани Суруди миллӣ, чорабинии идонаро муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори хизмати дохилӣ Нозим Иброҳимзода бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуда, аз номи Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро кормандони Хадамоти давлатии оташнишонӣ, собиқадорон ва дар симои онҳо тамоми кормандони соҳаи оташнишониро бо иди касбии оташнишонон, ки ҳамасола санаи 30 июл қайд карда мешавад, табрику таҳният гуфта, барояшон саломатӣ, рӯзгори обод ва барору комёбиҳо таманно намуд.
Мавсуф қайд кард, ки бо дастгириву ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва саъю кӯшишҳои ҳамаҷонибаи Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода, Хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилӣ сол то сол бо техникаву таҷҳизоти муосири хизматӣ таъмин шуда, ба яке аз ниҳодҳои пуриқтидори сохтори мақомоти корҳои дохилӣ мубадал гардидааст.
Дар баробари тараққиёт ва рушду пешрафти соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии кишвар, бинову иншооти маъмуриву истиқоматии баландошёна, коргоҳҳои хурду бузурги саноатии муосир сохта ба истифода дода шуданд, ки ҷиҳати таъмини бехатарӣ аз сӯхтор дар онҳо аз кормандони соҳа масъулияти баланд тақозо менамояд.
Зимни баромади худ муовини Вазир Нозим Иброҳимзода аз қадрдониву дастгириҳои роҳбарияти олии Ҳукумати мамлакат ва ВКД, хизматҳои шоёну диловарии кормандони оташнишонӣ дар майдони набард бо сӯхтор баҳри наҷоти ҷони шаҳрвандон ва молу мулки онҳо аз коми оташ ва кордониву омода намудани мутахассисони соҳа ибрози андеша намуда, зикр кард, ки итминон дорам ҳайати шахсии Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД содиқ ба савганди ёднамудаашон вазифаву уҳдадориҳои базимадоштаашонро софдилона иҷро намуда, баҳри рушду пешрафт ва ободии Ватани азизамон саҳми арзандаи худро мегузоранд.
Дар идомаи чорабинӣ сардори СХДО ВКД генерал-майори хизмати дохилӣ Бахтиёр Умарзода ба сухан баромада, ҳозирин ва кулли кормандони соҳаро бо иди касбиашон табрик гуфта, аз таърихи бою рангини соҳаи оташнишонии кишвар, фаъолияти пурсамари он аз солҳои аввали таъсисёбӣ ва имрӯза дастоварду пешравиҳои СХДО ВКД, инчунин саҳми собиқадорон дар пешрафти соҳа сухан ронда, баён дошт, ки имрӯз СХДО ВКД ва воҳидҳои поёнии бо дастгириҳои ҳамаҷонибаи Ҳукумати кишвар ва роҳбарияти ВКД бо тамоми техникаву таҷҳизоти муосири хизматӣ, иншооти ҷавобгӯ ба талаботи замон таъмин буда, баҳри пешгириву бартарафсозии ҳодисаҳои сӯхтор, амалӣ намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ вобаста ба риояи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор ва бурдани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ дар байни аҳолӣ саҳми назаррас доранд.
Бо боварӣ метавон гуфт, ки роҳбарият ва ҳайати шахсии Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД дар руҳияи худшиносиву ватандорӣ ва ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ҳама вазифаву уҳдадориҳои хизматии худро сарбаландона иҷро менамоянд.
Дар идомаи чорабинӣ як катор кормандону собиқадорон ба сухан баромада, аз дастгириҳои ҳамаҷонибаи Ҳукумати мамлакат, роҳбарияти ВКД ва СХДО ВКД арзи сипос намуда, аз фаъолияти пурсамари хеш дар ин ниҳоди муҳими сохтори мақомоти корҳои дохилӣ, таҷрибаи андӯхтаашон ёдоварӣ карданд.
Дар қисмати ҷамъбастии чорабинии идона муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори хизмати дохилӣ Нозим Иброҳимзода, бо фармоиши ВКД, як қатор кормандонеро, ки ба натиҷаҳои баланди хизматӣ ноил гардидаанд ва вазифаву уҳдадориҳои бадӯшдоштаашонро сарбаландона иҷро намуда, дар пешрафти самти фаъолият саҳми арзанда гузоштаанд, бо медал, нишонҳои сарисинагӣ, Ифтихорномаву Раҳматномаи фахрии ВКД, инчунин як қатор собиқадорони ин ниҳодро бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонид.
Р. Илёсзода