Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рух додани якчанд садамаи нақлиётии марговар

27-уми июли соли 2024, тахминан соати 15:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Ҷӯраев Иброҳим Пардаевич, соли таваллудаш 1995, сокини ноҳияи Ёвон, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи А.Ҷомӣ ба самти ноҳияи Ёвон, воқеъ дар ҳудуди деҳаи Қулбоди ноҳияи Ёвон аз уҳдаи идораи автомашина набаромада, ба девори иҳотавии лаби роҳ бархӯрда, ба ҷӯйбори обгузар чаппа шудааст. 
Дар натиҷа, мусофири автомашинаи мазкур Темуров Шодмон Худойқулович, соли таваллудаш 1999, сокини ноҳияи мазкур ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. 
26-уми июли соли 2024, тахминан соати 22:20-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, Усмонзода Шаҳром Шавкат, соли таваллудаш 2003, сокини шаҳри Ҳисор, ҳангоми ҳаракат аз маркази шаҳри Ҳисор ба шаҳри Душанбе дар роҳи мошингарди деҳаи Боғистони ҷамоати деҳоти Сомони шаҳри Ҳисор аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба дарахти канори роҳ бархӯрдааст. 
Дар натиҷа, худи ронанда Усмонзода Ш.Ш. ва мусофиронаш Муродзода Сайридин Сайфиддин, соли таваллудаш 2005, сокини ноҳияи Рӯдакӣ ва Ҳоҷии Хурсанмурод, соли таваллудаш 2001, сокини ноҳияи Ҳисор, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Мусофири дигари автомашинаи мазкур Давлатов Хуршедҷон Сангинмуродович, соли таваллудаш 2005, сокини ноҳияи Варзоб, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан, дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
28-уми июли соли 2024, тахминан соати 02:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Вектра», Назиров Воҳидҷон Норалиевич, соли таваллудаш 1985, сокини ноҳияи Спитамен, ҳангоми ҳаракат дар роҳи автомобилгарди «Душанбе-Хуҷанд» дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Истиқлоли ноҳияи Спитамен аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Ҳамзаев Рустамҷон Нуруллоевич, соли таваллудаш 1983, сокини шаҳри Истаравшанро, ки аз канори роҳ мегузашт, пахш намудааст. 
Дар натиҷа, пиёдагард Ҳамзаев Р. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
28-уми июли соли 2024, тахминан соати 15:50-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Тайота-Камри”, Раҷабов Абдуалим Раҷабалиевич, соли таваллудаш 1997, сокини шаҳри Левакант, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Бохтар ба самти шаҳри Левакант дар ҳудуди ноҳияи Кӯшониён аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, таҳти идораи ронанда Ҳалимов Бахтиёр Маҳмадуллоевич, соли таваллудаш 1979, сокини шаҳри Бохтар, бархӯрдааст. 
Дар натиҷа, Ҳалимов Б. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Мусофири автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, ҷинсаш мард, шахсияташ номаълум, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

29.07.2024 16:39
74