Ифшо шудани дуздии чорво дар ҳаҷми 128 ҳазор сомонӣ
Ба ШВКД дар ноҳияи Хуросон аризаи марди 62-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки шаби 12 ба 13-юми июли соли 2024, тахминан соати 00:30-дақиқа, шахсони номаълум бо тариқи пинҳонӣ аз заминҳои чарогоҳи назди деҳаи Кӯҳдамони ноҳияи мазкур 9 сар чорвои калони шохдорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 75 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавонони 23 ва 24-солаи сокинони ҳамин ноҳия дастгир карда шуданд.
Инчунин, гумонбаршавандагон шаби 13 ба 14-уми июли соли 2024, тахминан соати 01:00, бо тариқи пинҳонӣ аз заминҳои чарогоҳи назди деҳаи Кӯҳдамон 1 сар чорвои калони шоҳдорро, ки ба марди 45-солаи сокини ноҳияи Хуросон тааллуқ дорад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 9 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳамзамон, гумонбаршавандагон шаби 12-уми июли соли 2024, бо роҳи пинҳонӣ аз заминҳои чарогоҳи назди деҳаи Куҳдоман 2 сар чорвои калони шохдорро, ки ба зани 62-солаи сокини ноҳияи Хуросон тааллуқ дорад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 17 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳамин тариқ, гумонбаршавандагон шаби 14-уми июли соли 2024, бо роҳи пинҳонӣ аз заминҳои чарогоҳи назди деҳаи Куҳдоман 4 сар чорвои калони шохдорро, ки ба зани 40-солаи сокини ноҳияи Хуросон тааллуқ дорад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 27 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Дар маҷмуъ, зарари расонидашуда 128 ҳазор сомониро дар бар мегирад.
Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.