Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷаласаи навбатии Машварати роҳбарони воҳидҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе

11-уми июли соли 2024 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии Машварати роҳбарони воҳидҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар пойтахтҳои давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, Директори Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил ва дигар намуди ҷиноятҳои хавфнок дар ҳудуди ИДМ генерал-лейтенанти политсия Олег Коновалов, сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе генерал-майори милитсия Саидзода Шоҳрух ва дигар сардорони воҳидҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар пойтахтҳои давлатҳои иштирокчии ИДМ иштирок намуданд.

Чорабиниро бо сухани ифтитоҳӣ Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро оғоз бахшида, ҳозиринро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, барои иштирокашон дар ин ҳамоиш арзи сипос намуд.
Зикр гардид, ки мақсад аз баргузории ин ҳамоиш боз ҳам вусъат бахшидан ба ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи воҳидҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар пойтахтҳои давлатҳои иштирокчии ИДМ буда, омӯзиши таҷрибаи якдигар, мубодилаи иттилоот, дар ҳамбастагӣ ошкор ва пешгирӣ намудани қонуншиканиву ҷинояткорӣ ба нафъи кор хоҳад буд.

Бояд тазаккур дод, ки ин ҳамоиш ба пешрафти фаъолияти мақомоти корҳои дохилии давлатҳои иштирокчии ИДМ такони ҷиддӣ бахшида, дар пешгирии ҳама гуна қонуншиканӣ ва таъмини оромиву осоиштагии ҷомеа мусоидат менамояд.

12.07.2024 16:37
36