Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рух додани ду ҳодисаи фоҷиабори нақлиётӣ

 

23-юми июли соли 2024, тахминан соати 18:51-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота-Версо», Ғаниев Ҳамзалӣ Абдувалиевич, соли таваллудаш 1982, сокини ноҳияи Б.Ғафуров, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Хуҷанд тавассути шоҳроҳи «Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ», дар ҳудуди ноҳияи Шаҳристон аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба чуқурии канори роҳ ба масофаи 18 метр сарозер шудааст.

Дар натиҷа, мусофирони автомашинаи мазкур Раҳмонова Шаҳодат, соли таваллудаш 1971 ва Иброҳимова Моҳиниссо, соли таваллудаш 1982, сокинони ноҳияи Б.Ғафуров, бо бардоштани ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
24-уми июли соли 2024, тахминан соати 09:40-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Opel Astra j» Ҳасанзода Фозил, соли таваллудаш 1980, сокини ноҳияи Мастчоҳ, ҳангоми ҳаракат дар 333-юм километри шоҳроҳи «Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ» дар ҳудуди роҳи мошингарди ноҳияи Б.Ғафуров ва ноҳияи Мастчоҳ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи «Opel Astra H» таҳти идораи Сангинов Зоҳир, соли таваллудаш 1981, сокини ноҳияи Мастчоҳ бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Opel Astra j» Ҳасанзода Ф. ва мусофирони автомашинаи мазкур Ҳасанзода Зуҳро, соли таваллудаш 1985, Ҳасанзода Абумуслим, соли таваллудаш 2002, Ҳасанзода Абдулазиз, соли таваллудаш 2004, Ҳасанзода Муслима, соли таваллудаш 2014, сокинони ноҳияи Мастчоҳ ва ронандаи автомашинаи тамғаи «Opel Astra H» Сангинов З. ва мусофири автомашинаи мазкур Хидиров Шариф, соли таваллудаш 1962, сокини шаҳри Гулистон, Исроилова Гулноза, соли таваллудаш 2004, сокини ноҳияи Мастчоҳ аз ҷароҳатҳои ҷисмонии бардоштаашон дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Мусофирон Исроилова Маҳлиё, соли таваллудаш 2003 ва Раҳматзода Бобоҳасан, соли таваллудаш 2007, сокинони ноҳияи Мастчоҳ, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

25.07.2024 16:31
74