Лату кӯби ноболиғи 16-сола аз ҷониби ҳамсоли худ
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғи 16-солаи сокини ноҳияи Ашт бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 11-уми июли соли 2024, тахминан соати 22:30-дақиқа, бо ноболиғи 16-солаи сокини ноҳияи Ашт вохӯрда, дар аснои муносибати оштинопазирии ба миёномада ҷангу ҷанҷол намуда, ӯро лату кӯб намудааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардоштааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 1 моддаи 110 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.