Даст ба авбошӣ задани марди қаблан судшуда
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 43-солаи сокини шаҳри Душанбе, ки пеш бо моддаи 237 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони содир намудани ҷинояти авбошӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда, 22-юми июли соли 2024, тахминан соати 01:00, ҳангоми дар ҳудуди маҳаллаи 61-уми ноҳияи Фирдавсӣ қарор доштанаш аз ҳиссиёти авбошӣ бо марди 44-солаи сокини ноҳияи Қубодиён ҷангу ҷанҷол намуда, ӯро зери лату кӯб қарор дода, бо корд 3 маротиба дар пойи росташ задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.