Ошкор шудани амалҳои қаллобӣ
Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 36-солаи сокини шаҳри Истаравшан муроҷиат намудааст, ки 21-уми ноябри соли 2023, марди 33-солаи сокини шаҳри Душанбе бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ автомашинаи тамғаи «Range Rover», ки арзишаш 470 ҳазор сомониро дарбар мегирад, гирифта ваъда медиҳад, ки бар ивазаш ба ӯ 3-адад автомашинаи тамғаи «Lexus RX-350», «Mercedes Benz» ва «Tayota Camry-2» медиҳад, аммо гумонбаршаванда аз ин автомашинаҳо танҳо «Lexus RX-350» ва «Tayota Camry-2»-ро дода, автомашинаи тамғаи «Mercedes Benz»-ро надода, ӯро фиреб карда то ҳол маблағашро барнагардондааст.
Инчунин, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 44-солаи сокини шаҳри Хуҷанд, пеш бо қисми 4 моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо роҳи фиреб ба боварии марди 29-солаи сокини шаҳри мазкур даромада, бо баҳонаи харидорӣ намудани маҳсулоти хӯрока дар чанд марҳила: 18-уми феврали соли 2022 панҷ ҳазор доллари амрикоӣ, 25-уми майи соли 2022 сенздаҳ ҳазор доллари амрикоӣ ва моҳи марти солли 2022 даҳ ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, аз онҳо 8 ҳазор доллари амрикоиро баргардонида, боқимонда маблағҳоро то ҳол барнагардонида ба эҳтиёҷоти шахсиаш сарф намудааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 4 моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.