Ифшо шудани ду ҳолати дуздӣ
Ба ШВКД дар шаҳри Кӯлоб бо ариза зани 53-солаи сокини шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки 16-уми июли соли 2024, тахминан соатҳои 12:00, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди манзили истиқоматиаш шуда, аз онҷо ҷавоҳироти гуногуни тиллоиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 14 ҳазору 450 сомониро ташкил медиҳад.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия духтари ноболиғи 14-солаи сокини ҳамин шаҳр ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Ҳамин тариқ, зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 29-сола ва ҷавони 23-солаи сокинони шаҳри Хуҷанд бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуданд.
Гумонбаршавандагон 17-уми июли соли 2024, тахминан соати 18:00, дар ҳудуди боғи фарҳангӣ-фароғатии «Камоли Хуҷандӣ»-и шаҳри Хуҷанд 1-адад телефони мобилии тамғаи «Хонор» дарёфт карда, аз дохили телефони мобилӣ аз барномаи «Душанбе-Сити» 7 ҳазору 369 сомониро, ки ба зани 46-солаи сокини шаҳри мазкур тааллуқ доштааст, тасарруф намудаанд.
Нисбати гумонбаршавандагон парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 2 моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.