Азхуд намудани маблағҳои пулӣ бо фиребгарӣ
Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур аризаи марди 36-солаи сокини шаҳри Ваҳдат ворид гардидааст, ки 12-уми марти соли 2024, марди 28-солаи сокини шаҳри мазкур ҳангоми дар шаҳри Душанбе қарор доштанаш бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 540 ҳазор сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки дар муддати кӯтоҳ онҳоро бармегардонад, аммо то ҳол ӯро фиреб дода, маблағҳои гирифтаашро барнагардонидааст.
Инчунин, ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза зани 45-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ муроҷиат намудааст, ки 14-уми декабри соли 2022, зани 50-солаи сокини шаҳри Душанбе бо роҳи фиреб ба бовариш даромада, барои харидорӣ намудани хонаи истиқоматӣ аз ӯ маблағи 30 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, ба манфиати шахсиаш сарф намуда, то ҳол онҳоро барнагардонидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.