Ҳалокати ду ронанда дар ҳодисаҳои нақлиётӣ
10-уми июли соли 2024, ронандаи автомашинаи тамғаи "Мерседес-Бенс", Маҳмадюнуси Маҳмадсаид, соли таваллудаш 2001, сокини ноҳияи Ҷ.Балхӣ, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи мошингарди “Душанбе Панҷи-Поён”, дар ҳудуди ноҳияи Ҷ.Балхӣ аз уҳдаи идора кардани воситаи нақлиёт набаромада, ба симчӯб канори роҳ бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи мазкур Маҳмадюнуси М. дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, мусофири дохили автомашина Самадов Саидшоҳ, соли таваллудаш 2006, сокини ҳамин ноҳия ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
9-уми июли соли 2024, тахминан соати 23:40-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Лексус”, Бузаков Умед Шокирович, соли таваллудаш 1989, сокини шаҳри Турсунзода, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Турсунзода дар ҳудуди ҷамоти деҳоти Навободи шаҳри Ҳисор аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба сечархаи барқӣ, таҳти идораи Назаров Шавкат Мирзоевич, соли таваллудаш 1987, сокини шаҳри Ҳисор, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронандаи сечарха Назаров Ш.М. дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.