Дастгир гардидани ноболиғи 17-сола бо гумони сӯиқасд ба одамкушӣ
Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино бо ариза ҷавони 21-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 9-уми июли соли 2024, тахминан соати 07:00, дар дохили хонаи истиқоматиаш ноболиғи 17-солаи сокини шаҳри Ҳисор аз ҳиссиёти авбошӣ бе ягон асос бо ӯ ҷангу ҷанҷол намуда, бо корд якчанд маротиба ба баданаш зада, ҷароҳати ҷисмонӣ расонидааст.
Ноболиғи мазкур аз ҷониби кормандони милитсия ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти сӯиқасд ба одамкушӣ дастгир гардида, аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.