Ошкор шудани ҳолати қаллобӣ вобаста ба ашёҳои рӯзгор
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 41-солаи сокини шаҳри Кӯлоб моҳи сентябри соли 2022 бо роҳи фиреб ба боварии марди 44-солаи сокини ноҳияи Восеъ даромада, дар чанд марҳила аз ӯ ашёҳои рӯзгорро ба маблағи 220 ҳазор сомонӣ барои фурӯш гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 4 моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.