Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баррасии фаъолияти Шӯрои собиқадорони РВКД дар вилояти Суғд

Шӯрои созмони собиқадорон дар назди Раёсати ВКД дар вилояти Суғд бо иштироки раисони зерсохторҳои худ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят натиҷаҳои фаъолият дар 6 моҳи сипаришудаи соли ҷориро баррасӣ ва нақшаи навбатии кориро барои се моҳаи сеюми соли 2024 қабул намуд. Ҷаласаи корӣ бо иштироки муовини сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд подполковники милитсия Содиқзода Ҳотамшо Ҷаббор дар маҷлисгоҳи хурди раёсат баргузор гардид.

Дар оғоз муовини сардори раёсати мазкур барои хизмати арзандаи собиқадорон ба манфиати давлату миллат арзи сипос намуд. Гуфта шуд, ки собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ омӯзгорони беминнат ва таърихи зиндаи қаҳрамониву шуҷоати чанд насли мақомот мебошанд.

Дар идомаи ҷаласаи корӣ вобаста ба корҳои анҷомдода дар самти вазифаҳои дар назди Шӯро вогузор шуда, аз ҷумла ҳифзу ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои нафақахӯрон ва собиқадорони милитсия, мусоидат дар бартарафсозии мушкилоти иҷтимоӣ, кӯмаки тиббию моддӣ, иштирок дар тарбияи касбӣ ва инкишофи қобилияти насли ҷавони милитсия раиси Шӯрои созмони собиқадорон дар назди Раёсати ВКД дар вилояти Суғд полковники мустаъфӣ Ҳайдаров Алиҷон Мақсудович маъруза намуд.

Тавре таъкид гардид, то 1 июли соли 2024 Шӯрои мазкур 3 050 нафар собиқадорон ва нафақахӯрони мақомоти корҳои дохилиро сарҷамъ намуда, аз ғамхориҳои пайвастаи Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва роҳбарияти мақомоти корҳои дохилии вилояти Суғд бархӯрдор аст.
Вазифаи дигаре ки собиқадорон назди худ гузоштаанд, ин омӯзонидани малака ва таҷрибаи касбӣ ба насли ҷавон аст. Марҳила ба марҳила ташкили вохӯрӣ ва суҳбатҳои судманд дар шуъбаву хадамотҳои милитсия ба ҳамин хотир равона гардидааст. Зеро насли ҷавони мақомоти корҳои дохилиро зарур аст, аз таҷрибаву кордонӣ ва маҳорати баланди касбии собиқадорон баҳравар гарданд. Дар давраи ҳисоботӣ собиқарони милитсияи Суғд бо ҳайати шахсӣ 64 маротиба вохуриву суҳбатҳо ташкил намудаанд.
Ҳамзамон бо мақсади тадбиқи барномаҳои давлатӣ ба муносибати «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардидани соли 2024 ва саҳмгузорӣ дар тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон собиқадорон дар байни аҳолӣ 34 маротиба баромад намуданд.
Имрӯзҳо дар ҳамаи шуъбаҳои ВКД дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Шӯроҳои собиқадорон дар назди шуъбаҳо фаъолият мебарад ва барои сарҷамъ намудани собиқадорони соҳа ва дар ҳолатҳои зарурӣ истифода бурдани нерӯи зеҳнии онҳо ҳуҷраҳои алоҳидаи корӣ ҷудо гардидааст, ки собиқадоронро рӯҳбаланд менамояд. Давра ба давра дар Шӯроҳои мазкур ҷаласаҳои кориву ҳисоботӣ баргузор гардида, самтҳои фаъолият муайян карда мешавад. Дар соли равон раисони Шӯроҳои собиқадорон дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Конибодом, Исфара, Зафаробод, Шаҳристон ва Айнӣ аз нав интихоб карда шуданд.
Ба табобату солимгардонӣ дар осоишгоҳу истироҳатгоҳ ва дармонгоҳҳои мақомоти корҳои дохилӣ фаро гирифтани собиқадорону нафақахӯрони мақомот дар ҷаласа таваҷҷӯҳ карда шуда таъкид гардид, ки собиқадорон аз ин имкониятҳо истифода баранд.
Дар ҷараёни ҷаласа таклифу пешниҳодҳои якчанд аъзоёни Шӯрои собиқадорон ҷиҳати ҷоннок кардани фаъолият дар самти тарбияи насли ҷавони милитсия, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва пешгирии ҷинояткорӣ дар ҷомеа ва расонидани ёрии амалӣ ба кормандони ҷавон дар кушодани ҷиноятҳои содиршуда шунида шуда, якдилона ҷонибдорӣ гардид.
Акбар Шарифӣ, подполковники милитсия

 

09.07.2024 14:05
90