Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дастгир гардидани 2 ноболиғ барои қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғи 17-солаи сокини шаҳри Хуҷанд бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.

Гумонбаршаванда 2-юми июли соли 2024, рӯзона дар кӯчаи Гипроземи шаҳри Душанбе аз ҳиссиёти авбошӣ бо ҷавони 22-солаи сокини ноҳияи Восеъ ҷангу ҷанҷол намуда, ӯро зери лату кӯб қарор додааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида мувофиқи хулосаи Ташхиси судӣ-тиббӣ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардоштааст.
Ин рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
Инчунин, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ноболиғи 16-солаи сокини шаҳри Хуҷанд, 7-уми июли соли 2024, тахминан соати 18:30-дақиқа, дар ҳудуди боғи истироҳатии бо номи «Абу Маҳмуди Хуҷандӣ», бо ноболиғи 17-солаи сокини ноҳияи К.Мастчоҳ ҷангу ҷанҷол намуда, бо корд як маротиба ба қафаси синааш задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 1 моддаи 110 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

10.07.2024 15:35
17