Ҳалокати 5 нафар бар асари садамаи мудҳиш дар ноҳияи Шаҳристон
7-уми июли соли 2024, тахминан соати 15:51-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Зафира», Худоёров Ҷамшид Қайнарович, соли таваллудаш 2004, сокини ноҳияи Деваштич, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Хуҷанд дар ҳудуди ноҳияи Шаҳристон, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, аз роҳи мошингард берун шуда, ба масофаи 49 метр сарозер шуда, дар дохили сойи деҳаи Фирдавсии ноҳияи Шаҳристон афтидааст.
Дар натиҷа, мусофирони автомашинаи мазкур Худоёров Баҳодур Раҳматбоевич, соли таваллудаш 1968, Худоёрова Шаҳодат Раҳматуллоевна, соли таваллудаш 1970, Худоёрова Муспира Раҳматбоевна, соли таваллудаш 1974 ва Худоёрова Шоира Раҳматбоевна, соли таваллудаш 1975, сокинони ноҳияи Деваштич, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Худи ронанда Худоёров Ҷ.Қ. ва 9 нафар мусофирони боқимондаи автомашинаи мазкур, ки аз инҳо 6 нафарашон ноболиғ мебошанд, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ гаридаанд. Сипас дар беморхона ноболиғ Худоёров Эҳрон Акмалович, соли таваллудаш 2014, баъд аз чанд соат ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.