Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рух додани ду садамаи нақлиётии марговар дар Хуросон ва Шаҳристон

 

4-уми июли соли 2024, тахминан соати 08:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Тайота-Королла”, Воҳидов Ҷамшед Нарзуллоевич, соли таваллудаш 1986, сокини ноҳияи А.Ҷомӣ, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Бохтар ба самти шаҳри Душанбе, дар ҳудуди ноҳияи Хуросон аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Асомиддинов Муҳиддин Насруллоевич, соли таваллудаш 1956, сокини ноҳияи Хуросонро пахш намудааст.

Дар натиҷа, пиёдагард Асомиддинов М.Н. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
4-уми июли соли 2024, тахминан соати 04:10-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «КИА К-5», Олимов Қудратулло Раҳматилло, соли таваллудаш 1988, сокини ноҳияи Хуросон, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Хуҷанд, дар мавзеи деҳаи Чашмасори ноҳияи Шаҳристон аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба ақиби автомашинаи боркаши тамғаи «ДАФ», таҳти идораи Маҳкамов Асрор Ғафурҷонович, соли таваллудаш 1982, сокини ноҳияи Б.Ғафуров, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи «КИА К-5», Олимов Қ. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст ва ду мусофири дохили автомашинаи мазкур ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

05.07.2024 16:29
19