Шиносоӣ аз шароити хизматии кормандони Хадамоти давлатии «Муҳофиза» дар вилояти Суғд
Роҳбарияти Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и ВКД ҷиҳати расонидани дастуру супоришҳои Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода ба ҳайати шахсии зершуъбаҳои хадамот дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд вохӯрӣ анҷом дода, бо ҷараёни хизмат, шароити корӣ, таъминоти моддӣ-техникӣ ва самтҳои молиявию хоҷагидорӣ шиносоӣ пайдо кард.
Сардори Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и ВКД полковники милитсия Алихон Рустам аз кормандон даъват ба амал овард, ки баҳри таъмини дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба пешгирии ҷиноят ва ҳуқуқвайронкунӣ, ҷорӣ намудани тартиботи боэътимоди ҳуқуқӣ баҳри таъмини амнияту осоиштагӣ дар мамлакат саҳмгузор бошанд.
Зикр гардид, ки муҳофизати иншооти муҳими давлатию ҷамъиятӣ ва хусусӣ, беҳтар кардани сифати фаъолият дар иншоотҳои таҳти ҳимояи кормандони Хадамоти давлатии «Муҳофиза», посбонон ва Нуқтаҳои мутамаркази мушоҳидавӣ қарордошта имконият медиҳад, ки талаботи мазкур таъмин карда шавад.
Бояд тазаккур дод, ки дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд биноҳои маъмурии хизматии Хадамоти «Муҳофиза» аз нав бунёд ва навсозӣ шуда, ин сохтори таркибии ВКД бо техникаву таҷҳизоти муосири хизматӣ пурра таъмин мебошад.
Акбар Шарифӣ, подполковники милитсия