Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барои кӯдакони имконияташон маҳдуд дар ноҳияи Б.Ғафуров чорабинии фарҳангӣ ташкил карда шуд

Бо ташаббуси роҳбарияти ШВКД-1 дар ноҳияи Б.Ғафуров ва ҷалби ҷавонони фаъоли ноҳия ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ, санаи таърихие, ки сарҷамъии миллат ва низоми давлатдории навини Тоҷикистони соҳибистиқлол ба сӯйи ояндаи дурахшон гузошта шудааст, барои кӯдакони имконияташон маҳдуд дар қасри фарҳанги ноҳия фазои идона ташкил карда шуд. Чорабинии фарҳангии тарғибкунандаи осоиштагиву якдилӣ бори дигар имконият фароҳам овард, ки кӯдакони имконияташон маҳдуд худро узви комилҳуқуқ ва ҷудонашавандаи ҷомеа эҳсос намоянд.

 Дар оғоз сардори ШВКД-1 дар ноҳияи Б.Ғафуров полковники милитсия Илҳомиддин Вализода бо сухани табрикотӣ баромад намуда, оид ба мавқеи ваҳдату ягонагӣ, ғамхории Ҳукумати мамлакат нисбат ба ятимон ва шахсони имконияташон маҳдуд, аз ҷумла кӯдакон ва дастоварду навгониҳои даврони соҳибистиқлолӣ ба ҳозирин маълумот дод. Таъкид карда шуд, ки ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ баҳри дар амал тадбиқ намудани сиёсати инсондӯстонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кӯшиш менамоянд дар баробари таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ тарзи ҳаёти солимро тарғиб намуда, дар замири наврасону ҷавонон ватандӯстӣ ва худшиносии миллиро бедор намоянд.

Илова бар ин, бетараф набудан ба тақдири афроди имконияти маҳдуд дошта, камбизоату эҳтиёҷманд яке аз самтҳои сиёсати иҷтимоии давлат мебошад, ки милитсия низ ҳиссагузорӣ менамояд.
Дигар маърӯзачиён, аз ҷумла намояндагони ҷавонони фаъол ва раёсати маорифи ноҳия дар мавзӯи Ваҳдату ягонагӣ ва мавқеи сарнавиштсози он дар низоми давлатдории Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда, бори дигар аҳли нишастро ба дӯстиву рафоқат ва ҷаҳду талоши ободкорӣ талқин намуданд.

Акбар Шарифӣ, подполковники милитсия

03.07.2024 16:15
18