Телефони 1919
Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони пайвасткунандаи 1919 ба тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.
Шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам ба воситаи телефонҳои мобилӣ, (GPRS, CDMA), хонагӣ, корӣ, занг зада, ба Раёсатҳо, Шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави кишвар пайваст шуда, арзу шикоят, дархост ва маълумоти худро расонанд.