Низомномаи адои хизмат аз тарафи ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи Низомномаи адои хизмат аз тарафи ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи моддаи 20 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия» ва моддаи 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Низомномаи адои хизмат аз тарафи ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 апрели соли 2005, №137 «Дар бораи тасдиқи Низомномаи адои хизмат аз тарафи ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз эътибор соқит дониста шавад.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 26 июни соли 2026, № 439
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 26 июни соли 2026, № 439
тасдиқ шудааст
Низомномаи адои хизмат аз тарафи ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Низомномаи адои хизмат аз тарафи ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Низомнома) тартиб ва шартҳои адои хизматро дар мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - мақомоти корҳои дохилӣ) ба танзим дароварда, вазъи ҳуқуқии кормандони ин мақомотро муайян мекунад.
2. Корманди мақомоти корҳои дохилӣ шахсе ба ҳисоб меравад, ки танҳо шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад ва дар хизмат қарор дошта, бо тартиби муқаррарнамудаи Низомномаи мазкур ба ӯ рутбаи махсуси ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунанда дода шудааст.
3. Корманди мақомоти корҳои дохилӣ вазифаашро мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷиқистон онҳоро эътироф намудааст, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия» ва Низомномаи мазкур иҷро менамояд.
4. Корманди мақомоти корҳои дохилӣ ҳамчун шаҳрвандони дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои тамоми ҳуқуқҳои пешбинигардидаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, инчунин уҳдадориҳои шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст пешбинӣ намудаанд, иҷро менамояд.
5. Корманди мақомоти корҳои дохилӣ ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ, инчунин аҳли оилаи ӯ таҳти ҳимояи давлат қарор доранд. Ҳеҷ шахс, ғайр аз мақомот ва шахсони мансабдор, ки Қонун ваколатдор намудааст, ҳуқуқи ба фаъолияти қонунии корманди мақомоти корҳои дохилӣ дахолат карданро надошта, дар фаъолияти хизматии худ аз рӯйи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунад.
6. Корманди мақомоти корҳои дохилӣ барои риоя накардани интизоми хизматӣ, иҷро ва қонуният мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ ҷалб карда мешавад.
7. Корманди мақомоти корҳои дохилӣ ҳуқуқ дорад:
- бо ҳуҷҷатҳое, ки ҳуқуқ ва уҳдадориҳои ӯро аз рӯйи мансаби ишғолкарда муайян менамояд, меъёри арзёбии хизмат ва шароити пешравӣ дар мансаб, инчунин шартҳои дигари барои иҷрои вазифаҳои хизматӣ зарур шинос гардад;
- ҳангоми ба миён омадани зарурат маълумот ва маводди барои иҷрои вазифаҳои хизматӣ зарурбударо гирад;
- оид ба такмилдиҳии хизмат ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраршуда таклифҳо пешниҳод намояд;
- дар доираи ваколатҳои хизматӣ қарорҳо қабул намояд;
- барои таъин шудан ба мансабҳои холӣ бо хоҳиши худ дар озмун иштирок намояд;
- дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, дар асоси розигии мақомоти дахлдор барои такмили ихтисос ба хориҷи кишвар сафар намояд;
- бо дарназардошти тахассус, қобилияти касбӣ ва сатҳи иҷрои уҳдадориҳои хизматии худ ба мансабҳои баландтар таъин гардад;
- бо парвандаи шахсии худ, ба истиснои қисми бойгонӣ ва санҷиши махсус, шинос шавад;
- ба тайёрии ибтидоӣ, бозомӯзӣ ва такмили ихтисос фаро гирифта шавад;
- аз ҷиҳати молиявӣ, моддӣ ва иҷтимоӣ бо дарназардошти муҳлати хизмат, собиқаи корӣ ва ҳолати саломатӣ бо тартиби муқарраргардидаи қонунгузорӣ таъмин гардад;
- гузаронидани санҷиши хизматиро барои рад намудани маълумоте, ки шаъну эътибори ӯро доғдор намудааст, талаб кунад;
- аз ҳифзи меҳнат, ҳимояи иҷтимоӣ, ҳифзи саломатӣ ва имтиёзҳои дигар бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ бархӯрдор бошад;
- таъмини ҳимояи иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ, меҳнатӣ, инчунин ҳимояи ҳаёт ва саломатии аъзои оилаи худро аз таҳдидҳо талаб намояд;
- барои ҳалли баҳсҳои вобаста ба хизмат ба мақомоти болоии корҳои дохилӣ (раёсате, ки аз тарафи вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - вазири корҳои дохилӣ) барои ҳалли масъалаҳои риоя накардани ҳуқуқи инсон ваколатдор карда шудааст) ё суд муроҷиат намояд.
8. Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои дигари хизматии корманд мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, шартномаи меҳнатӣ оид ба адои хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ ва дастурамали мансабии тасдиқшуда муайян карда мешавад.
9. Ба сардорон (командирон) додани фармон ва фармоишҳое, ки ба иҷрои вазифаҳои хизматӣ алоқаманд нестанд ё худ бархилофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, манъ аст.
10. Сардорон (командирон), ки фармон ва фармоишҳои ғайриқонуниро додаанд, мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ ҷалб карда мешаванд.
11. Бекор намудан ё тағйир додани қарори қабулкардаи корманд, ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ сабаби ба ҷавобгарӣ ҷалб намудани ӯ намешавад, ба шарте ки онҳо сабаби қасдан вайрон кардани қонун нагардида бошанд.
12. Барои ҳалли супоришҳои махсус оид ба ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ кормандони мақомоти корҳои дохилӣ муваққатан ба минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ барои хизмат сафарбар карда мешаванд.
13. Бинобар зарурати таъмини иҷрои самарабахши вазифа ва уҳдадориҳое, ки ба зиммаи мақомоти корҳои дохилӣ гузошта шудаанд, бо розигии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳо метавонанд ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ ё ки ташкилотҳои дигар бо монондани имтиёзҳояшон сафарбар карда шаванд.
14. Номгӯйи мансабҳои ҳайати қаторӣ, хурд, миёна ва калони роҳбарикунанда ва рутбаҳои махсуси ба ин мансабҳо мувофиқаткунанда аз тарафи вазири корҳои дохилӣ тасдиқ карда мешаванд.
15. Номгӯйи мансабҳое, ки полковникҳо ва генералҳо ишғол менамоянд, бо пешниҳоди вазири корҳои дохилӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
16. Талаботи тахассусӣ нисбати кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, ки мансабҳои ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаро ишғол менамоянд, аз ҷониби вазири корҳои дохилӣ муайян карда мешавад.
17. Бо мақсади таъмин намудани мақомоти корҳои дохилӣ бо мутахассисони баландихтисос, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Вазорати корҳои дохилӣ) тайёрии касбии кормандони мақомоти корҳои дохилиро анҷом медиҳад, ки дар худ таълими ибтидоии махсус, тайёрии махсуси ҷангию ҷисмонӣ, такмили ихтисос, санҷиши мунтазами корманд барои коршоямӣ ба амалиёт дар шароити вобаста бо истифодаи қувваи ҷисмонӣ, воситаҳои махсус, силоҳи оташфишон, тайёр намудани мутахассисон дар муассисаҳои таълимии такмили ихтисос ва дониши кормандонро дарбар мегирад.
18. Мутахассисони касбиро барои мақомоти корҳои дохилӣ муассисаҳои таълимии низоми Вазорати корҳои дохилӣ омода менамоянд.
19. Шунавандагону курсантони муассисаҳои таълимии низоми Вазорати корҳои дохилӣ, инчунин ҳайати роҳбарикунанда ва профессорону омӯзгорон, ки рутбаи махсуси корманди мақомоти корҳои дохилӣ дошта, кормандони мақомоти корҳои дохилиро мутобиқи рӯйхати мансабҳо, ки вазири корҳои дохилӣ тасдиқ менамояд, тайёр менамоянд, иҷрокунандаи вазифаи корманди мақомоти корҳои дохилӣ ба ҳисоб мераванд.
20. Тарзи ташкил ва тартиби тайёрии касбиро вазири корҳои дохилӣ муайян менамояд.
2. ТАРТИБИ ҚАБУЛ БА ХИЗМАТ ВА ҶОЙИВАЗКУНИИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ КОРҲОИ ДОХИЛӢ
21. Ба хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ танҳо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки синнашон аз 18-сола то 35-сола мебошад, сарфи назар аз ҷойи истиқомат, ҷинс, миллат, нажод, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, ки аз рӯйи сифатҳои шахсӣ, ахлоқӣ, устувории равонӣ, таҳсилот, кордонӣ, тайёрии ҷисмонӣ, вазъи саломатӣ, донистани забони давлатӣ, ки аз уҳдаи иҷрои вазифаҳои ба зиммаи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ вогузоршуда мебароянд, баъди адои хизмати ҳарбии муҳлатнок аз рӯйи даъват ё доштани билети (дафтарчаи) ҳарбӣ (ба истиснои курсантҳои муассисаҳои таълимии низоми Вазорати корҳои дохилӣ ва занҳо) дар асоси ихтиёрӣ қабул карда мешаванд.
22. Нисбати шахсоне, ки аз мақомоти дигари қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқ ба хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ мегузаранд, маҳдудияти синнусолӣ паҳн намегардад.
23. Барои таҳсил дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбии Вазорати корҳои дохилӣ ва хориҷи кишвар шаҳрвандони синни аз 17 то 25-сола ва дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ синни аз 15 то 25-солаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҳсилоти миёнаи асосӣ, умумӣ ё таҳсилоти миёнаи касбӣ доранд, қабул карда мешаванд. Шаҳрвандони давлатҳои дигар дар асоси шартномаи байнидавлатӣ қабул карда мешаванд.
24. Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, инчунин шахсоне, ки рутбаҳои махсус бо иловаи «дар эҳтиёт» ё «истеъфо» доранд, ҳангоми маҳкум шудан барои содир намудани ҷинояти вазнин ё махсусан вазнин бо ҳукми суд аз рутбаи махсус маҳрум карда мешаванд.
25. Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, ки барои иҷрои вазифаи муайян ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ ё ташкилотҳои дигар фиристода шудаанд, дар ҳамон ҷо адои вазифа намуда, дар захираи кадрҳои Вазорати корҳои дохилӣ мемонанд.
26. Ба мансаби ҳайати миёнаи роҳбарикунанда шаҳрвандоне, ки таҳсилоти олии касбӣ ё миёнаи касбӣ доранд, қабул карда мешаванд. Ба мансаби ҳайати миёнаи роҳбарикунанда, ба таври истисно, метавонанд шаҳрвандоне, ки таҳсилоти миёнаи касбӣ доранд ё баъди хатми курси 3 муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ қабул карда шаванд. Ба мансаби ҳайати қаторӣ ва хурди роҳбарикунанда қабул намудани афсарони эҳтиётӣ манъ аст.
27. Ишғол намудани мансаби ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ дар асоси озмун, қарори комиссияи аттестатсионӣ ё дар ҳолатҳои зарурӣ бо тариқи гузариш аз ҳисоби кормандони ботаҷрибаи мақомоти дигари ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ, ки маҳорати баланди касбиро доро мебошанд, бо роҳи бастани шартномаи меҳнатии инфиродӣ, инчунин бо тарзи таъин намудан ба мансаб сурат мегирад.
28. Қабули корманди мақомоти корҳои дохилӣ ба хизмат бо фармоиши вазири корҳои дохилӣ ё бо тартиби муайяннамудаи вазири корҳои дохилӣ ба расмият дароварда шуда, ба корманд эълон карда мешавад.
29. Шахсони бори нахуст ба хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ қабулшаванда ҳатман тайёрии махсуси касбиро мегузаранд. Гузаштани чунин курсҳо дар давоми хизмат ҳам идома меёбанд.
30. Маҳдудияти синну сол барои шаҳрвандоне, ки пештар аз хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ озод шуда, боз ба хизмат қабул мегарданд, инчунин аз хизмати ҳарбӣ ва хизмат дар вазорату идораҳои дигаре, ки дар онҳо барои ҳайат рутбаҳои махсус муқаррар гардидаанд, тибқи талаботи бандҳои 21, 256 ва 257 Низомномаи мазкур муайян карда мешаванд.
31. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолатҳои зерин ба хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ қабул карда намешаванд:
- шаҳрвандоне, ки доғи судӣ доштанд ё доранд (сарфи назар аз муҳлати адои ҷазои таъиншуда, озод кардан аз адои минбаъдаи ҷазо, қабул ва татбиқи санади авф, ба истиснои онҳое, ки аз тарафи суд сафед карда ё бегуноҳ дониста шудаанд);
- мувофиқат накардан бо шартҳое, ки дар банди 21 Низомномаи мазкур пешбинӣ шудааст;
- мавҷуд будан ва эътибори қонунӣ доштани ҳукми суд оид ба маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои давлатии хизмати давлатӣ (мансабҳо дар мақомоти корҳои дохилӣ);
- мавҷуд будани тасдиқи хулосаи муассисаи тиббӣ оид ба беморие, ки барои адои вазифаҳои хизматӣ монеъ шуда метавонад;
- саркашӣ намудан аз санҷиши махсус ва ба расмият даровардани иҷозатнома барои кор бурдан бо маълумоти дорои сирри давлатӣ ва маълумоти дигари аз тарафи қонун ҳифзшаванда;
- дар сурати соҳиб шудан ба шаҳрвандии давлати хориҷӣ ё аз даст додани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шахси бешаҳрвандӣ будан, инчунин доштани душаҳрвандӣ, ба истиснои ҳолатҳое, ки иҷозати таъини чунин шахсон ба хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ дар асоси ризоияти дуҷониба бо созишномаҳои байнидавлатӣ ба танзим дароварда шуда бошад;
- саркашӣ намудан аз гузаштани қайди ҳатмии давлатии дактилоскопӣ мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии дактилоскопӣ»;
- пешниҳод накардани Эъломия оид ба андоз аз даромад ва Эъломия оид ба вазъи молумулкӣ;
- ба хадамоти кадрӣ пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳо ва маълумоти баръало бардурӯғ дар бораи худ ва хешовандони наздик;
- эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳалномаи суд дар бораи маҳдуд намудани қобилияти амал ё ғайри қобили амал эътироф намудани шахс;
- мамониату маҳдудиятҳои дигар, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» пешбинӣ намудааст.
32. Шартномаи меҳнатӣ (қарордод) оид ба адои хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ (минбаъд - шартномаи меҳнатӣ) байни шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба хизмат дар ин мақомот дохил мешавад ва Вазорати корҳои дохилӣ бо тартиби тасдиқнамудаи вазири корҳои дохилӣ ба муҳлати муайян баста мешавад.
33. Ҳангоми ба мансаби нав таъин гардидан ё ба минтақаи дигар ба хизмат фиристодани корманди мақомоти корҳои дохилӣ тибқи талаботи бандҳои 215 ва 245 Низомномаи мазкур бо ӯ бар ивази шартномаи қаблан басташуда (нисбати мансаби пештарааш) шартномаи нав бо тартиби муайяннамудаи вазири корҳои дохилӣ баста мешавад.
34. Тибқи шартномаи меҳнатӣ шаҳрванд (корманд) уҳдадор аст вазифаҳои хизматии ба зиммаи ӯ вогузоршударо иҷро намояд, талаботи Низомномаи мазкур, инчунин Савганд ва тартиботи дохилиро риоя намояд.
35. Вазорати корҳои дохилӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии дахлдор аз ҳисобе, ки мансаби корманд маблағгузорӣ мешавад, вазифадор аст тамоми намудҳои таъминоташ, инчунин ҳуқуқ, имтиёз, кафолатҳояшро қонеъ гардонида, тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, шартномаи меҳнатӣ ва Низомномаи мазкур шароит муҳайё намояд.
36. Дар шартномаи меҳнатӣ оқибатҳои ҳуқуқӣ, инчунин ҷавобгарии моддӣ, ки аз сабаби иҷро нагардидани уҳдадориҳои базиммагирифтаи тарафҳо фаро мерасад, дарҷ карда мешаванд.
37. Иҷро нагардидани уҳдадории базиммагирифта аз ҷониби яке аз тарафҳо барои бекор гардидани шартномаи меҳнатӣ бо ташаббуси ҳар кадоме аз тарафҳо асос шуда метавонад.
38. Сабаби талаботи шартномаи меҳнатиро иҷро накардани тарафҳо (асоснокии бекор намудани шартномаи меҳнатӣ, пеш аз адои муҳлати эътибор) бояд аз тарафи комиссияи аттестатсионӣ санҷида шавад.
39. Шартномаи меҳнатӣ танҳо дар шакли хаттӣ баста шуда, шартҳои он, вазъи хизматӣ ва иҷтимоии дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинигардидаи корманди мақомоти корҳои дохилиро набояд бад кунад.
40. Шартномаи меҳнатӣ бо шаҳрвандони (кормандони мақомоти корҳои дохилӣ) ба мансаби ҳайати қаторӣ, хурд ва миёнаи роҳбарикунанда таъиншаванда, ба муҳлати на камтар аз се сол баста мешавад. Агар яке аз тарафҳо дар муддати ду моҳи то ба охир расидани муҳлати эътибори шартнома оид ба бекор кардан ё тағйир додани шарти он муроҷиат накунад, шартнома ба муҳлати номуайян дарозшуда ба ҳисоб меравад.
41. Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ баъди расидан ба синну соли ниҳоии хизмат метавонанд хизмати худро дар асоси шартномаи меҳнатии муҳлатнок давом диҳанд.
42. Шахсоне, ки муассисаҳои таълимии низоми Вазорати корҳои дохилӣ ва муассисаҳои дигари таълимии хориҷи кишварро аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ хатм намудаанд, агар муҳлати шартномаи меҳнатии басташуда ба охир нарасида, бо хоҳиши худ аз мақомоти корҳои дохилӣ озод карда шаванд, маблағи хароҷотшуда аз ҳисоби онҳо ситонида мешавад.
43. Корманди мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳолати зарурати хизматӣ барои адои вазифаҳое, ки дар шартномаи меҳнатӣ нишон дода нашудааст, ба муҳлати то як моҳ бо пардохти на камтар аз музди меҳнати муайянгардидаи мансаби ишғолкардааш ҷалб карда мешавад. Чунин ҳолат ҷиҳати бартараф ё рафъ кардани оқибатҳои офати табиӣ, садама, бетартибиҳои оммавӣ, амалҳои террористӣ, ҳолатҳои дигари фавқулода, инчунин барои иваз намудани корманди ҳузурнадошта амалӣ мегардад.
44. Шартномаи меҳнатӣ дар асоси бандҳои 247-255 Низомномаи мазкур қатъ мегардад.
45. Шаклу мундариҷаи шартномаи меҳнатӣ аз тарафи вазири корҳои дохилӣ муайян карда мешавад.
46. Шартномаи меҳнатӣ бо шаҳрванде, ки ҳангоми дохил шудан ба кор дар мақомоти корҳои дохилӣ таҳсил менамояд, баъд аз гузаштани муҳлати омӯзиш, ки барои ӯ муқаррар шудааст, баста мешавад.
47. Муҳлати ҳатмии санҷишӣ барои шахсони бори аввал ба хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ қабулшаванда аз се то шаш моҳ муқаррар карда мешавад.
48. Коромӯз дар вақти муҳлати ҳатмии санҷишӣ уҳдадориҳои хизматиашро аз рӯйи мансаби ишғолкардааш иҷро намуда, ҳуқуқҳои корманди мақомоти корҳои дохилиро истифода мебарад.
49. Корманд ҳангоми муҳлати ҳатмии санҷишӣ ва дар асоси доимӣ уҳдадор аст:
- санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки фаъолияти мақомоти корҳои дохилиро ба танзим медарорад, омӯзад;
- сатҳи кордонӣ ва таҷрибаашро баланд бардорад;
- санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро муқаррар мекунад, омӯзад;
- хислати маънавии худро ҳамчун корманди мақомоти корҳои дохилӣ инкишоф диҳад;
- мартабот ва талаботи оинномаҳоро риоя намояд;
- меъёрҳои муқарраршуда ва одобу рафторро дар ҷамъият риоя намояд;
- дараҷаи маърифатнокиашро баланд бардошта, бо шаҳрвандон ва ҳамкорон муносибати боадабона ва бодиққатона дошта, маданияти муоширатро риоя намояд;
- шаҳрвандонро эҳтиром намояд;
- сирре, ки ҳангоми кор ба ӯ маълум мегардад, пинҳон дорад;
- сари вақт уҳдадориҳои мансабиашро иҷро намуда, дар доираи фаъолияти худ ташаббускор бошад;
- мунтазам дар назди роҳнамо оид ба корҳои иҷрокардааш ҳисобот диҳад.
50. Роҳбарияти мақомоти корҳои дохилӣ ба корманди мақомоти корҳои дохилӣ, ки муҳлати ҳатмии санҷиширо адо менамояд (адо намудааст), дар фаъолияти минбаъдааш ёрии амалӣ мерасонад. Дар давраи муҳлати ҳатмии санҷишӣ ба коромӯз ҳатман корманди болаёқат ё роҳбари таҷрибадор, ки худро аз ҷиҳати мусбат нишон додааст, ҳамчун роҳнамо вобаста карда мешавад.
51. Шахсоне, ки мансаби ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаро ишғол мекунанд, баъди тамом шудани муҳлати ҳатмии санҷишӣ, барои хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ на камтар аз се сол уҳдадории хаттӣ медиҳанд. Агар ба муддати то ду моҳ пеш аз муҳлати анҷоми эътибори уҳдадории шахсӣ ҳайати қаторӣ ё роҳбарикунанда оид ба қатъ намудани фаъолияти хизматӣ муроҷиат накунад, уҳдадорӣ давомдодашуда ба ҳисоб меравад. Барои ихтиёран корро монда рафтан то анҷоми эътибори уҳдадорӣ, корманд ҳамчун вайронкунандаи интизоми хизматӣ ҳисобида шуда, аз мақомоти корҳои дохилӣ озод карда мешавад.
52. Ҳангоми ба анҷом расидани муҳлати ҳатмии санҷишӣ корманд аз санҷиш гузашта ҳисобида шуда, минбаъд озод намудани ӯ танҳо бо яке аз асосҳои дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия» ва Низомномаи мазкур пешбинишуда ба амал бароварда мешавад. Рутбаи махсуси аввалин ба чунин шаҳрванд бо риояи шартҳои умумии додани рутбаи махсус, тибқи талаботи боби 3 Низомномаи мазкур дода мешавад.
53. Муҳлати ҳатмии санҷишӣ ба собиқаи хизмати дарозмуддат дар мақомоти корҳои дохилӣ ҳамроҳ карда шуда, ба пардохти фоизи иловагӣ барои собиқаи меҳнатӣ ва пардохтҳои дигари иловагӣ, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, ҳуқуқ медиҳад.
54. Барои шахсоне, ки ба мансабҳои ҳайати олии роҳбарикунанда таъин карда мешаванд, хатмкунандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбии сохтори Вазорати корҳои дохилӣ ва хориҷӣ кишвар, ки ба хизмат аз рӯйи тақсимот қабул мешаванд, инчунин ҳангоми озмун ба мансаб таъин мегарданд, муҳлати ҳатмии санҷишӣ муқаррар карда намешавад.
55. Номгӯйи мансабҳоро дар мақомоти корҳои дохилӣ, ки ба тариқи озмун ишғол карда мешаванд, инчунин тартибу шартҳои таъин намудан ба мансаб тибқи озмун бо тартиби муайяннамудаи вазири корҳои дохилӣ амалӣ карда мешавад.
56. Вазири корҳои дохилӣ сардорони мақомоти корҳои дохилӣ дар вилоятҳо, минтақаҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо, намояндагони Вазорати корҳои дохилӣ дар хориҷи кишвар, шахсони дигари мансабдори мақомоти корҳои дохилиро ба мансаб мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин ва озод менамояд. Таъин намудан ба мансаб ва ҷойивазкунии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар хизмат бо пешниҳоди сардорони бевосита бо тартиби муайяннамудаи вазири корҳои дохилӣ амалӣ карда мешавад.
57. Корманди мақомоти корҳои дохилӣ бо мазмуни зерин Савганд ёд мекунад, ки матни онро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намудааст:
«Ман, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ дохил шуда, Савганд ёд намуда, ботантана қасам мехӯрам, то охир ба халқи худ, Сардори Давлат, Ватан ва коре, ки пеша кардаам, содиқ бошам, ҳамеша корманди ҳушёр, ҳақиқатҷӯ, мардонавор ва боинтизом бошам, дар хизмат намунаи ибрат буда, Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро қатъӣ риоя намоям, сирри давлатӣ ва хидматиро пинҳон дорам. Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми вазифаҳои ба дӯши ман вогузошта, талаботи оинномаҳо ва фармонҳоро софдилона ва бечунучаро риоя намуда, қуввату тавоноии худ ва ҳатто дар мавриди зарурӣ, ҳаёти худро барои муҳофизати сохти ҷамъиятӣ ва давлатӣ, тартиботи ҳуқуқӣ, ҳама шаклҳои моликият, шахсият ва ҳуқуқи шаҳрвандон дареғ намедорам.
Агар ман ин савганди ботантанаи худро риоя накунам, бигузор дар чаҳорчӯбаи қонунҳои ҷумҳурӣ қотеъона ҷазо бинам».
58. Ба мансаби дигар гузаштани кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ба таври зерин амалӣ мегардад:
1) шахсони ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунанда - бо тартиби муайяннамудаи вазири корҳои дохилӣ;
2) шахсони ҳайати миёна, калон ва олии роҳбарикунанда:
- ба мақомоти болоӣ бо тартиби пешбарӣ намудан ба мансаб бо дарназардошти дараҷаи тайёрии касбӣ бо тариқи аттестатсия;
- ба мансабҳои баробар (якхела) - ҳангоми зарурати пурра намудани дигар мансабҳо, аз рӯйи нақша гузаронидани ҷойивазкунӣ ва ротатсия дар маҳалҳо бо муҳлати маҳдуди хизмат, инчунин барои нисбатан мақсаднок истифода бурдани шахсони ҳайати роҳбарикунанда - бо дарназардошти сифатҳои шахсӣ ва хизматӣ, вазъи саломатӣ, аз рӯйи тайёрии касбии гирифтаашон дар ихтисоси нав ва синну сол;
- бо сабаби дохил шудан ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбӣ барои таҳсил бо озод кардан аз мансаби ишғолкардаашон, инчунин таъин намудан ба мансаб баъд аз хатми таҳсил;
- ба мансабҳои поёнӣ дар асоси талаботи пешбининамудаи сархати сеюми банди 235 Низомномаи мазкур.
59. Ба мансаби дигар гузаронидани корманди мақомоти корҳои дохилӣ, ки дар мансаб камтар аз якуним сол фаъолият намудааст, манъ мебошад, ба ғайр аз ҳолатҳои пешбининамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва Низомномаи мазкур.
60. Болоравии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар хизмат мувофиқи сифатҳои ахлоқӣ ва кордонии онҳо, ки дар фаъолияти амалии онҳо муайян гардидааст, амалӣ мегардад.
61. Ба кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ҳангоми гузаштан аз як кор (воҳиди сохторӣ) ба кори дигаре, ки барои ҳайати шахсӣ рутбаи махсуси дигар муайян шудааст, чунин рутбаҳо бо тартиби дар бобҳои 3 ва 5 Низомномаи мазкур пешбинишуда дода мешаванд. Дар ин ҳолат рутбаи нави махсус аз рутбаи махсуси доштаи корманд набояд паст бошад.
62. Рутбаи махсуси корманди дорои сифатҳои зарурӣ барои болоравӣ дар хизмат, ҷиҳати таъин шудани ӯ ба мансабе, ки бояд шахси рутбаи махсуси аз ӯ баландтар доштаро иваз намояд, монеъ шуда наметавонад.
63. Шахсони ҳайати миёна, калон ва олии роҳбарикунанда, ки худро дар корҳои амалӣ сазовори болоравӣ дар мансаб нишон додаанд, ба захираи кадрҳои пешбаришаванда дохил карда мешаванд.
64. Шахсони ҳайати қаторӣ, миёна, калон ва олии роҳбарикунанда, ки аз сабаби вазъи саломатӣ ё саломатии аъзои оилаашон мувофиқи хулосаи комиссияи тиббии ҳарбӣ барои иваз намудани ҷойи кор (истиқомат) эҳтиёҷ доранд, аз рӯйи хизмат бо тартиби муайяннамудаи вазири корҳои дохилӣ ба минтақаи дигар ба кор фиристода мешаванд.
65. Иваз намудани ҳайати роҳбарикунанда аз мансаби болоӣ ба мансаби поёнӣ дар ҳолатҳои зерин бо дарҷ намудани асос дар фармоиши ҳайати шахсӣ амалӣ карда мешаванд:
- ҳангоми ихтисори воҳидҳои корӣ;
- бо сабаби вазъи саломатӣ мувофиқи хулосаи комиссияи ҳарбии тиббӣ;
- аз рӯйи натиҷаи аттестатсия;
- бо тартиби ҷазои интизомӣ дар асоси Оинномаи интизомии мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- бо хоҳиши корманд.
66. Шахсони ҳайати олии роҳбарикунандае, ки ба мансабҳои поёнӣ гузаронида шудаанд, дар оянда метавонанд бо тартиби аттестатсионӣ ба мансаби болотар пешбарӣ шаванд.
67. Шахсони ҳайати олии роҳбарикунанда, ки бо сабаби ихтисор шудани воҳиди корӣ аз мансабҳои болоӣ ба поёнӣ гузаронида шудаанд ва ба талаботи зарурии гузариш ба мансабе, ки бо мансаби ихтисоршуда баробар аст, ҷавобгӯ мебошанд, ҳуқуқи имтиёзноки болоравӣ дар хизматро доранд.
68. Ҷойивазкунии шахсони ҳайати роҳбарикунанда бо тартиби муайяннамудаи вазири корҳои дохилӣ амалӣ мегардад.
69. Баҳои кордонӣ ва хусусиятҳои шахсии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ бо мақсади муайян намудани мувофиқати онҳо ба мансаби ишғолкардаашон, ҷорӣ намудани тарзу усулҳои нави корбарӣ, пешгирии амалҳои коррупсионӣ дар хизмат, бархурди манфиатҳои шахсӣ ва давлатӣ, баланд бардоштани натиҷаҳои корӣ, имконияти болоравиашон дар хизмат ва инчунин, ҳалли дигар масъалаҳои вобаста ба гузариш дар мақомоти корҳои дохилӣ бо тариқи пешниҳод намудани гувоҳномаи хизматӣ амалӣ мегардад. Шакли гувоҳномаи хизматиро вазири корҳои дохилӣ муайян менамояд.
70. Ҳангоми пешниҳод шудани кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ба мансаби болоӣ, гузаронидан ба мансаби поёнӣ ва аз мансаб озод гардидан гувоҳномаи хизматӣ тартиб дода мешавад.
71. Аттестатсияи шахсони ҳайати миёна, калон ва олии роҳбарикунанда дар чор сол як маротиба, шахсони ҳайати қаторӣ ва хурди роҳбарикунанда бошад, дар се сол як маротиба амалӣ мегардад.
72. Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, ки дар мансаби ишғолкардаашон камтар аз як сол кор кардаанд, инчунин корманд-занон, ки дар вақти ҳомиладорӣ ва нигоҳубини кӯдак дар рухсатии меҳнатӣ (иҷтимоӣ) қарор доранд, аз аттестатсия гузаронида намешаванд.
73. Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ аз тарафи сардорони бевоситаи худ бо дарназардошти хулосаҳои комиссияҳои аттестатсионӣ дар асоси принсипи ошкоро аз аттестатсия гузаронида мешаванд. Тартиби ташкил ва шартҳои гузаронидани аттестатсияи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ аз тарафи вазири корҳои дохилӣ муайян карда мешаванд.
74. Баъди ба охир расонидани таҳсил дар муассисаҳои таълимии (адюнктураҳо) мақомоти корҳои дохилӣ ба шунавандагон (адъюнктон) ва курсантҳо, аз ҷумла ҳайати қаторӣ ё роҳбарикунанда гувоҳномаи хатмкунӣ пешниҳод карда мешавад.
75. Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ метавонанд ба мақомоти олии ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ, инчунин вазорату идораҳо ё корхона, муассиса ва ташкилотҳои тобеи онҳо дар асоси санадҳои Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилӣ, барои иҷрои вазифаҳои махсус бо гузоштан дар захираи кадрҳои Вазорати корҳои дохилӣ сафарбар карда шаванд. Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, ки ба вазорату идораҳо равон карда шудаанд, адои хизматашонро бо тартиби муқаррарнамудаи Низомномаи мазкур, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳолати дигареро пешбинӣ накарда бошад, идома медиҳанд.
76. Таъин намудан ба мансаб ва иваз намудани мансаби ҳайати роҳбарикунанда, ки дар бандҳои 58-68 Низомномаи мазкур нишон дода шудаанд, дар мувофиқа бо вазири корҳои дохилӣ аз тарафи роҳбарони ташкилоту идораҳои дахлдор амалӣ мегардад. Ба мансаби дигар гузаштани ин шахсон дар доираи мансабҳое, ки аз тарафи ҳайати роҳбарикунандаи ин ташкилот ишғол карда мешаванд, амалӣ мегардад.
77. Нисбати ҳайати роҳбарикунанда, ки ба ташкилоту идораҳо равон карда шудаанд, тамоми ҳуқуқу имтиёзҳое, ки Низомномаи мазкур барои шахсони ҳайати роҳбарикунанда муайян намудааст, инчунин санадҳои дигари дохилиидоравӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки хизматро дар мақомоти корҳои дохилӣ ва шахсони дар ин мақомот адои хизмат карда истодаро ба танзим медароранд, татбиқ мегардад. Тамоми намуди таъминоти муқарраршуда, инчунин таъминоти пулӣ ба онҳо бо тартиби муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт карда мешавад.
78. Аз кор озод намудани шахсони ҳайати роҳбарикунанда, ки ба ташкилоту идораҳо равон карда шудаанд, бо тартиби пешбининамудаи бандҳои 249-253 Низомномаи мазкур бо пешниҳоди роҳбарони ташкилоту идораҳои дахлдор амалӣ мегардад.
79. Шахсони ҳайати роҳбарикунанда, ки ҳангоми озод гардидан аз хизмат ба ташкилоту идораҳо равон карда шудаанд, инчунин, аъзои оилаи онҳо дар баробари шахсоне, ки бевосита аз мақомоти корҳои дохилӣ озод шудаанд, аз ҳуқуқу имтиёзҳо истифода мебаранд.
80. Тартиби равон кардани кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки вакил интихоб шудаанд, бо мондан дар захираи кадрҳои Вазорати корҳои дохилӣ ва идомаи адои хизмат аз тарафи онҳо бо тартиби муайяннамудаи қонунгузорӣ амалӣ карда мешавад.
81. Ба кори дигар гузаронидани шахсони ҳайати миёна, калон ва олии роҳбарикунанда аз мақомоти корҳои дохилӣ ба Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ба қисмҳои дигари ҳарбикунонидашуда, ки мувофиқи қонунгузорӣ ташкил карда шудаанд, бо сабаби муайян намудани онҳо бо тартиби инфиродӣ ба хизмати ҳарбӣ, бо мувофиқаи идораи дахлдори ҳарбӣ ва бо дарназардошти хоҳиши шахсони ҳайати роҳбарикунанда амалӣ гардида, бо фармоиши вазири корҳои дохилӣ ба расмият дароварда мешавад.
82. Шаҳрвандони дар захираи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон буда ва шаҳрвандоне, ки ба мақомоти корҳои дохилӣ ба кор қабул шудаанд, аз он ҷумла шунавандагону курсантони муассисаҳои таълимии низоми Вазорати корҳои дохилӣ, ҳайати роҳбарикунанда ва профессорону омӯзгорон, ки кормандони мақомоти корҳои дохилиро тайёр менамоянд, аз қайди ҳарбӣ бо тартиби муқарраршуда бароварда, ба қайди махсуси Вазорати корҳои дохилӣ гузошта мешаванд.
3. ТАРТИБИ ДОДАНИ РУТБАҲОИ МАХСУСИ ҲАЙАТИ ҚАТОРӢ ВА РОҲБАРИКУНАНДАИ МАҚОМОТИ КОРҲОИ ДОХИЛӢ
83. Рутбаҳои махсуси ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунанда дар мақомоти корҳои дохилӣ ба онҳое, ки ба хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ қабул гардидаанд, хизмат карда истодаанд ё дар муассисаҳои таълимии низоми Вазорати корҳои дохилӣ ва хориҷи кишвар таҳсил намуда истодаанд, бо дарназардошти мансаби ишғолкардаашон, сифатҳои касбӣ, таҳсилот ва шартҳои дигари пешбининамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия» ва Низомномаи мазкур, ба шахсони ҳайати афсарии захиравӣ бошад, мувофиқи рутбаи ҳарбии доштаашон дода мешавад.
84. Ба кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, ки ба мансабҳои ҳайати қаторӣ, миёна, калон ва олии роҳбарикунанда таъин гардидаанд, рутбаҳои зерини махсус, ки аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шудааст, дода мешаванд:
1) ҳайати қаторӣ:
- милитсияи қаторӣ, қатории хизмати дохилӣ;
2) ҳайати хурди роҳбарикунанда:
- сержанти хурди милитсия, сержанти хурди хизмати дохилӣ;
- сержанти милитсия, сержанти хизмати дохилӣ;
- сержанти калони милитсия, сержанти калони хизмати дохилӣ;
- старшинаи милитсия, старшинаи хизмати дохилӣ;
- прапоршики милитсия, прапоршики хизмати дохилӣ;
- прапоршики калони милитсия, прапоршики калони хизмати дохилӣ;
3) ҳайати миёнаи роҳбарикунанда:
- лейтенанти хурди милитсия, лейтенанти хурди хизмати дохилӣ;
- лейтенанти милитсия, лейтенанти хизмати дохилӣ;
- лейтенанти калони милитсия, лейтенанти калони хизмати дохилӣ;
- капитани милитсия, капитани хизмати дохилӣ;
4) ҳайати калони роҳбарикунанда:
- майори милитсия, майори хизмати дохилӣ;
- подполковники милитсия, подполковники хизмати дохилӣ;
- полковники милитсия, полковники хизмати дохилӣ;
5) ҳайати олии роҳбарикунанда:
- генерал-майори милитсия, генерал-майори хизмати дохилӣ;
- генерал-лейтенанти милитсия, генерал-лейтенанти хизмати дохилӣ;
- генерал-полковники милитсия, генерал-полковники хизмати дохилӣ.
85. Дар рутбаҳои махсуси ҳайати қаторӣ ва хурди роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ чунин муҳлатҳои собиқа муқаррар карда мешаванд:
- дар рутбаи сержанти хурди милитсия, сержанти хурди хизмати дохилӣ - 1 сол;
- дар рутбаи сержанти милитсия, сержанти хизмати дохилӣ - 2 сол;
- дар рутбаи сержанти калони милитсия, сержанти калони хизмати дохилӣ - 3 сол;
- дар рутбаи старшинаи милитсия, старшинаи хизмати дохилӣ - 3 сол;
- дар рутбаи прапоршики милитсия, прапоршики хизмати дохилӣ - 4 сол.
86. Муҳлати собиқа дар рутбаҳои милитсияи қаторӣ, қатории хизмати дохилӣ, прапоршики калони милитсия, прапоршики калони хизмати дохилӣ муқаррар карда намешавад.
87. Дар рутбаҳои махсуси ҳайати миёна ва калони роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ чунин муҳлатҳои собиқа муқаррар карда мешавад:
- дар рутбаи лейтенанти хурди милитсия, лейтенанти хурди хизмати дохилӣ - 1 сол;
- дар рутбаи лейтенанти милитсия, лейтенанти хизмати дохилӣ - 2 сол;
- дар рутбаи лейтенанти калони милитсия, лейтенанти калони хизмати дохилӣ - 3 сол;
- дар рутбаи капитани милитсия, капитани хизмати дохилӣ - 3 сол;
- дар рутбаи майори милитсия, майори хизмати дохилӣ - 4 сол;
- дар рутбаи подполковники милитсия, подполковники хизмати дохилӣ - 5 сол;
- дар рутбаи полковники милитсия, полковники хизмати дохилӣ, инчунин дар рутбаҳои олӣ муҳлати собиқа муқаррар карда намешавад.
88. Барои шахсони ҳайати миёнаи роҳбарикунанда, ки Академияи Вазорати корҳои дохилӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро хатм намудаанд, муҳлати собиқа дар рутбаи лейтенанти милитсия, лейтенанти хизмати дохилӣ 1 сол муқаррар карда мешавад.
89. Рутбаҳои махсуси аввалин ва навбатии ҳайати миёна ва калони роҳбарикунанда (аз ҷумла пеш аз муҳлат ё як зина боло) аз тарафи вазири корҳои дохилӣ дода мешавад. Рутбаҳои махсуси навбатии ҳайати миёнаи роҳбарикунанда то капитани милитсия, капитани хизмати дохилӣ аз тарафи сардорони раёсатҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар вилоятҳо, шаҳри Душанбе дода мешавад.
90. Муҳлати собиқаи хизмат дар рутбаҳои махсус аз рӯзи имзо шудани фармоиш оид ба додани рутба ҳисоб карда мешавад.
91. Шахси масъуле, ки кормандро бе асос барои додани рутбаи махсуси навбатӣ пешниҳод накардааст, ба ҷавобгарии интизомӣ ҷалб карда мешавад.
92. Мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон рутбаҳои олии махсус аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешаванд.
93. Сарфароз гардонидан бо рутбаҳои махсуси полковники милитсия ва полковники хизмати дохилӣ дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва танҳо бо доштани таҳсилоти олии касбӣ аз ҷониби вазири корҳои дохилӣ амалӣ карда мешавад.
94. Ҳангоми ба мақомоти олии ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ, инчунин вазорату идораҳо ё корхона, муассиса ва ташкилотҳои тобеи онҳо сафарбар шудани кормандони мақомоти корҳои дохилӣ онҳо бо рутбаҳои махсуси навбатии аз ҷониби хадамоти кадрии Вазорати корҳои дохилӣ дар асоси ҳуҷҷат ва пешниҳоди воридшуда аз мақомоти зикргардида ва аз ҳисоби мансаби охирини ишғолкардаашон сарфароз гардонида мешаванд.
95. Шахсони дараҷаи илмӣ ё унвони илмидошта барои ба мансаби илмӣ ё омӯзгорӣ дар муассисаҳои илмию тадқиқотӣ ва таълимии низоми Вазорати корҳои дохилӣ, инчунин дар мансабҳои дигар қабул шудаанд, бо чунин тартиб ба онҳо рутбаи махсуси аввалин дода мешаванд:
- номзади илм, доктори фалсафа (phd)-доктор аз рӯйи ихтисос ва дотсент-майори милитсия, майори хизмати дохилӣ;
- доктори илм, доктори ҳабилитат ва профессор-подполковники милитсия, подполковники хизмати дохилӣ;
- узви пайваста ва узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон-полковники милитсия, полковники хизмати дохилӣ дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби вазири корҳои дохилӣ.
96. Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, ки дар захираи кадрҳо қарор доранд ё дар факултети №1 Академияи Вазорати корҳои дохилӣ (шакли таҳсили рӯзона) таҳсил менамоянд, рутбаи махсуси навбатии онҳо аз ҳисоби мансаби охирини ишғолкардаашон дар мақомоти корҳои дохилӣ дода мешавад.
97. Кормандони ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ бо рутбаҳои махсуси аввалин, навбатӣ, пеш аз муҳлат, як зина боло аз рутбаи ниҳоии аз рӯйи мансаби воҳиди ишғолнамуда пешбинигардида ҳангоми доштани ҷазои интизомии амалкунанда сарфароз гардонида намешаванд.
98. Қарор дар бораи мавқуф гузоштани пешниҳод оид ба додани рутбаи махсус аз тарафи сардорони ҷузъу томи мақомоти корҳои дохилӣ қабул карда мешавад. Сабабҳое, ки ба қабули чунин қарор асос шудаанд, ба самъи корманд расонида мешавад.
99. Шахсоне, ки ба мансабҳои ҳайати миёнаи роҳбарикунанда таъин мешаванд, танҳо пас аз хатми курси 3 муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва миёнаи касбӣ (ба истиснои хатмкунандагони муассисаҳои таълимии миёнаи касбии Вазорати корҳои дохилӣ) бо рутбаҳои махсус ва ҳарбии лейтенанти хурди милитсия, лейтенанти хурди хизмати дохилӣ сарфароз гардонида мешаванд.
100. Шахсони дорои таҳсилоти миёнаи касбӣ, ки дар мансабҳои ҳайати миёна фаъолият мекунанд, бо рутбаҳои махсуси навбатӣ то майори милитсия, майори хизмати дохилӣ сарфароз гардонида мешаванд.
101. Шахсони дорои рутбаҳои махсуси лейтенанти хурди милитсия, лейтенанти хурди хизмати дохилӣ, ки таҳсилоти олии касбӣ мегиранд, новобаста аз анҷоми муҳлати рутба, бо рутбаҳои махсуси лейтенанти милитсия, лейтенанти хизмати дохилӣ сарфароз гардонида мешаванд.
102. Хатмкунандагони муассисаҳои таълимии низоми Вазорати корҳои дохилӣ ва хориҷи кишвар, ки соҳиби дипломи аъло гардидаанд, бо рутбаҳои махсуси аввалини «лейтенанти калони милитсия», «лейтенанти калони хизмати дохилӣ» сарфароз гардонида мешаванд.
103. Ба хатмкунандагони муассисаҳои таълимии низоми Вазорати корҳои дохилӣ, ки холи миёнаи умумии онҳо дар шакли 3,0<gpa<3,25 ифода="" гардидааст,="" рутбаҳои="" махсуси="" аввалини="" «лейтенанти="" хурди="" милитсия»,="" хизмати="" дохилӣ»="" дода="" мешаванд="" ва="" пас="" аз="" 6="" моҳи="" хизмат="" бо="" навбатии="" сарфароз="" гардонида="" мешаванд.<="" p=""></gpa<3,25>
104. Ба афсарони эҳтиёт ҳангоми дохил шудан барои хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ рутбаҳои махсус бо рутбаҳои ҳарбии эҳтиётии доштаашон баробар дода мешаванд.
105. Ҳангоми таъин намудани шаҳрванд ба мансаби ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунанда, ки пештар дар вазорату идораҳо кор карда, дар онҳо ба ӯ рутбаи махсус пешбинӣ шуда бошад, ба ӯ рутбаи махсуси корманди мақомоти корҳои дохилӣ дода мешавад, ки ба рутбаи додашудаи вазорату идораҳое, ки ӯ дар он ҷо кор карда буд, баробар бошад.
106. Ба афсарони алоҳидаи эҳтиётӣ, ки тайёрӣ ва маҳорату малакаи баланди касбии онҳо дар мақомоти корҳои дохилӣ истифода шудааст, ҳангоми дохил намудан ба ҳайати кадрҳои Вазорати корҳои дохилӣ ба таври истисно рутбаҳои махсус ба як-ду зина боло нисбати рутбаи доштаашон, вале на болотар аз рутбаи мансаби пешбинишавандае, ки онҳо таъин шудаанд, дода мешаванд.
107. Ҳангоми таъин намудани шаҳрванд ба мансаби ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунанда, ки пештар дар мақомоти корҳои дохилӣ хизмат кардааст, ӯро ба ҳисоби кадрҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо рутбаи махсуси дар истеъфодоштааш дохил мекунанд, агар тамоми муддати дар захираи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон буданаш ба ӯ рутбаи дигари баландтари ҳарбӣ надода бошанд.
108. Ба шахсоне, ки ба мансаби ҳайати калони роҳбарикунанда қабул шудаанд, рутбаи махсуси аввалин на баландтар аз майори милитсия ё майори хизмати дохилӣ дода мешавад, ба истиснои шахсоне, ки аз рӯйи эҳтиёт рутбаи нисбатан баландтари мувофиқи афсарӣ доранд.
109. Шахсони ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунанда барои гирифтани рутбаи махсус аз тарафи сардорони бевоситаи худ пешниҳод карда мешаванд.
110. Рутбаҳои ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунанда, ба ғайр аз мавридҳои дар Низомномаи мазкур пешбинишуда якумра мебошанд.
111. Ҳангоми ба охир расидани хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ ба рутбаи махсуси мавҷуда калимаҳои «дар захира» ё дар «истеъфо» илова карда мешавад.
112. Рутбаҳои махсуси кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар шароити замони ҷанг ва ҳангоми ба нафақа баромадан, ба қисми эҳтиётӣ ё истеъфо рафтан бо рутбаҳои ҳарбӣ баробар эътироф карда мешаванд.
113. Ба кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, ки ба қисми эҳтиётии Қувваҳои Мусаллаҳ рухсат шудаанд, рутбаи ҳарбӣ бо тартиби аттестатсия бо дарназардошти ихтисоси қайди ҳарбӣ ва рутбаҳои махсусдоштаи онҳо аз тарафи вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад.
114. Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, ки ба истеъфо рухсат шудаанд, ба қайди ҳарбӣ гирифта намешаванд. Додани рутбаи ҳарбӣ низ ба онҳо бо тартиби аттестатсияи такрорӣ гузаронида намешавад.
115. Рутбаи махсуси аввалини ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунанда ба шахсони дар мақомоти корҳои дохилӣ ба мансаби ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунанда ба кор қабулшуда ё барои хондан ба муассисаҳои таълимии низоми Вазорати корҳои дохилӣ ва хориҷи кишвар дохил шудаанд, инчунин бо баробари таъин шудан ба мансаб рутбаи ҳарбии захиравии доштааш, дода мешавад. Зимнан ба онҳо аввалин рутбаи махсуси ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунанда бо мувофиқати рутбаи ҳарбии захиравии баробар дода мешавад.
116. Шахсоне, ки пештар бо рутбаи махсуси ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунанда дар мақомоти корҳои дохилӣ ё мақомоти қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқ адои хизмат намудаанд, ҳангоми қабул шудан ба хизмат (дохилшавӣ барои таҳсил) бо рутбаи махсуси доштаашон ба мансаби ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунанда таъин карда мешаванд.
117. Рутбаи махсуси лейтенанти хурди милитсия, лейтенанти хурди хизмати дохилӣ ба шахсони ҳайати хурди роҳбарикунанда ва шахсони дигари дорои таҳсилоти миёнаи касбӣ ё баъди хатми курси 3 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, ки ба мансаби ҳайати миёнаи роҳбарикунанда аз ҳисоби мансабҳои ҳайати қаторӣ таъин шудаанд, дода мешавад. Дар ин ҳолат зимни сарфарозгардонӣ муҳлат муқаррар карда намешавад.
118. Рутбаи махсуси лейтенанти милитсия, лейтенанти хизмати дохилӣ дода мешаванд:
- ба шахсоне, ки Академияи Вазорати корҳои дохилӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ё миёнаи касбии Вазорати корҳои дохилӣ ва мақомоти корҳои дохилии хориҷи кишварро хатм намудаанд;
- шахсони дорои таҳсилоти олии касбӣ, ки ба мансаби ҳайати миёнаи роҳбарикунанда таъин шудаанд.
119. Ба шахсони ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунанда, ки аз як хадамот (воҳидҳои сохторӣ) ба хадамоти дигари мақомоти корҳои дохилӣ гузаронида мешаванд ва барои онҳо рутбаҳои махсуси дигар муқаррар карда шудааст, рутбаҳои доштаи онҳо бо тартиби аз нав аттестатсия кардан дода мешаванд. Рутбаҳои махсуси додашуда аз рутбаҳои то аз нав аттестатсиякунӣ доштаашон набояд паст бошад.
120. Тартиби аз нав аттестатсиякунии рутбаҳои махсус аз тарафи вазири корҳои дохилӣ муқаррар карда мешавад.
121. Барои бомуваффақият иҷро намудани уҳдадориҳои хизматӣ ва ноил гаштан ба натиҷаҳои баланд дар фаъолияти оперативию хизматӣ рутбаҳои махсуси навбатии ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунанда пеш аз муҳлат ва як зина боло аз рутбаи махсус, ки тибқи мансаби воҳидии ишғолкардаашон пешбинӣ шудааст, танҳо як маротиба дар давоми хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ дода мешаванд.
122. Дар як вақт додани рутбаҳои махсус пеш аз муҳлат ва ҳам як зина боло аз рутбаи махсуси аз рӯйи мансаби воҳидии ишғолкарда пешбинишуда мумкин нест.
123. Корманде, ки дар давраи хизмат як маротиба пеш аз муҳлат ба ӯ рутбаи махсус дода шудааст, минбаъд барои гирифтани рутбаи махсуси як зина боло аз рутбаи махсуси аз рӯйи мансаби воҳидии ишғолкарда пешбинишуда, ҳуқуқ дорад.
1) Рутбаҳои махсус пеш аз муҳлат дода мешаванд:
- барои мардонагӣ ва фидокорие, ки ҳангоми иҷрои вазифаи хизматӣ зоҳир намудаанд, сарфи назар аз муҳлати собиқаи дар рутбаи махсус муқарраршуда;
- барои ноил шудан ба натиҷаҳои баланд дар фаъолияти оперативию хизматӣ баъди гузаштани на камтар аз нисфи муҳлати собиқаи дар рутбаи махсус муқарраршуда;
2) Рутбаи махсуси навбатии як зина боло аз рутбаи махсус аз рӯйи мансаби ишғолкардаи воҳидӣ, ки пешбинӣ шудааст, дода мешавад:
- ба шахсони ҳайати роҳбарикунанда ва унвони илмидошта - ҳангоми гузаштани муҳлати муқарраршудаи собиқа дар рутбаи махсус;
- ҳангоми гузаштани на камтар аз якуним муҳлати собиқа дар рутбаи пешина;
- ба шахсоне, ки дар як самти хизмат зиёда аз 10 сол бетанаффус хизмат намудаанд, ба тариқи аттестатсионӣ ҳангоми гузаштани муҳлати муқарраргардидаи собиқа дар рутбаи махсус;
- бо дар назар доштани дар як вақт озод шудан ба истеъфо ё захира аз рӯйи синну сол, собиқаи корӣ, беморӣ, вазъи маҳдуди саломатӣ, ихтисори воҳидҳо ба шарте ки онҳо собиқаи 25-сола ё зиёд доранд (бо ҳисоби имтиёзнок), ҳангоми таъин намудани нафақа барои собиқаи корӣ, ба муддати муайян дар рутбаи махсус хизмат намудаанд, агар ба таври мусбат арзёбӣ шуда бошанд, то рутбаи «подполковники милитсия», «подполковники хизмати дохилӣ» (ҳамчунин) метавонанд дода шаванд.
124. Муҳлати собиқа дар рутбаи махсус аз рӯзи имзо шудани фармоиши ин рутба ҳисоб карда мешавад.
125. Муҳлати дар рутбаи махсуси пасткардашуда қарор доштани корманди мақомоти корҳои дохилӣ ба муҳлати собиқа дар рутбаи барқароркардашуда ҳисоб карда намешавад.
126. Корманди мақомоти корҳои дохилӣ, ки рутбаи ҳайати қаторӣ ва хурди роҳбарикунанда дорад ва ба мансаби ҳайати миёнаи роҳбарикунанда таъин шудааст, барои додани рутбаи якуми махсуси ҳайати миёнаи роҳбарикунанда, сарфи назар аз муҳлати собиқа дар рутбаи доштааш, пешниҳод карда мешавад.
127. Ҳангоми беасос боздоштани додани рутбаи махсус, муҳлати собиқа дар рутбаи махсус аз лаҳзаи гузаштани муҳлати собиқа дар рутбаи махсуси пешина ҳисоб карда мешавад. Дар ин ҳолат ба корманд таъминоти пулӣ ва молӣ, ки ӯ ҳангоми сари вақт гирифтани рутбаи махсус мегирифт, ҷуброн карда мешавад.
4. ИНТИЗОМИ ХИЗМАТӢ
128. Интизоми хизматӣ дар мақомоти корҳои дохилӣ аз тарафи кормандони он риояи тартибу қоидаҳо, иҷрои вазифаҳои ба уҳдаи онҳо гузошташуда ва амалӣ намудани ваколатҳои доштаашонро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармоишҳои вазири корҳои дохилӣ ва сардорони бевоситаи онҳо, шартномаи меҳнатӣ муайян намудаанд, ба танзим медарорад.
129. Барои иҷрои дурусти вазифаҳои хизматӣ ва ноил шудан ба натиҷаҳои баланд дар хизмат ба кормандони мақомоти корҳои дохилӣ намудҳои зерини ҳавасмандкунӣ пешбинӣ мешавад:
- сарфароз намудан бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- мукофотонидан бо силоҳи номӣ;
- мукофотонидан бо туҳфаи қимматбаҳо;
- сарфароз намудан бо мукофотҳои соҳавии Вазорати корҳои дохилӣ;
- дохил намудан ба Китоб (ё Лавҳа)-и фахрӣ;
- танҳо як маротиба пеш аз муҳлат додани рутбаи махсуси навбатӣ;
- танҳо як маротиба додани рутбаи махсуси як зина боло аз рутбаи махсуси аз рӯйи мансаби воҳидии ишғолкарда;
- додани мукофоти пулӣ.
130. Ба сифати ҳавасмандкунӣ пеш аз муҳлат бекор ё пеш аз муҳлат бардоштани ҷазои интизомии амалкунанда низ истифода мешавад.
131. Дар муассисаҳои таълимии низоми Вазорати корҳои дохилӣ, ғайр аз намудҳои ҳавасмандкунии дар боло номбаршуда, инчунин зиёд намудани миқдори стипендияҳо ва додани рухсатӣ ё рухсатномаи кутоҳмуддат низ амалӣ карда мешавад.
132. Барои мардонагӣ ва шуҷоат нишон додан ҳангоми иҷрои қарзи хизматӣ ва дигар хизматҳои шоён кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ба мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ мешаванд.
133. Тартиби мукофотонидан бо мукофотҳои соҳавии Вазорати корҳои дохилӣ аз тарафи вазири корҳои дохилӣ муайян карда мешавад.
134. Барои риоя накардани интизоми хизматӣ, иҷро ва қонуният ба корманди мақомоти корҳои дохилӣ тибқи Оинномаи интизомии мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои интизомӣ муқаррар карда мешавад.
135. Дар муассисаҳои таълимии низоми Вазорати корҳои дохилӣ, ба ғайр аз намудҳои ҷазои интизомии дар Оинномаи интизомии мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинигардида, ба тариқи таъин намудан ба навбатдории ғайринавбатӣ дар хизмат (ба истиснои таъин намудан ба посбонӣ ё навбатдор дар ҷузъу том), инчунин хориҷ намудан аз он амалӣ карда мешавад.
136. Ҳуқуқ, уҳдадориҳо ва ҷавобгарии сардори мақомоти корҳои дохилӣ оид ба риояи интизоми хизматӣ, иҷро ва қонуният, инчунин тартиби истифодаи ҳавасмандгардонӣ ва додани ҷазои интизомиро Оинномаи интизомии мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
137. Ҳангоми риоя накардани талаботи Низомномаи мазкур оид ба хизмати ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ, риоя накардани кафолат ва ҳимояи иҷтимоии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ шахсони гунаҳкор мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ ҷалб карда мешаванд.
138. Як зина паст намудани рутбаи махсус мувофиқи Оинномаи интизомии мақомоти корҳои дохилӣ ҳамчун чораи ҷазои интизомӣ амалӣ карда мешавад. То барқарор намудани рутбаи махсуси пешинаи корманди мақомоти корҳои дохилӣ ба ӯ додани рутбаи махсуси навбатӣ, дубора паст кардани рутбаи махсус манъ аст.
139. Шахсони ҳайати хурд, миёна ва калони роҳбарикунандае, ки дар рутбаи махсус паст карда шудаанд, ба рутбаи пешинаашон бо фармоиши сардороне, ки оид ба паст кардани онҳо дар рутба ба шахсони ба онҳо баробар ва боло қарор қабул кардаанд, сарфи назар аз мансаби хизматии ишғолкардаашон на пеш аз як соли паст шуданашон, бо натиҷаи мусбати аттестатсия барқарор карда мешаванд.
140. Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ метавонанд аз рутбаҳои махсус бо ҳукми суд маҳрум карда шаванд.
5. ШАРТҲО, ТАРТИБИ АДОИ ХИЗМАТ ВА ИМТИЁЗҲО ДАР МАҚОМОТИ КОРҲОИ ДОХИЛӢ
141. Тартиботи дохилӣ дар мақомоти корҳои дохилӣ, инчунин дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва миёнаи касбӣ, ҳамчунин курсҳои тайёрии ибтидоӣ, такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи Вазорати корҳои дохилӣ дар асоси талаботи қонунгузорӣ бо дарназардошти хусусияти фаъолияти хадамот ва воҳидҳо муқаррар карда мешаванд.
142. Барои кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар як ҳафта давомнокии умумии вақти корӣ 40 соати кориро дар бар мегирад. Ҳангоми зарурат кормандони мақомоти корҳои дохилӣ метавонанд ба хизмати аз вақти муқарраршуда зиёд, инчунин шабона, рӯзҳои истироҳат ва ид мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб карда шаванд. Дар ин ҳолат, пардохт дар асоси аз вақти кории муайяншуда зиёд кор кардан амалӣ карда мешавад.
143. Ҳангоми барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ҷалб намудани кормандони воҳидҳои дар асоси шартнома фаъолияткунандаи мақомоти корҳои дохилӣ, пардохти аз вақти муайяншуда зиёд аз ҳисоби маблағи ин воҳидҳо амалӣ карда мешавад.
144. Барои аз вақти муайяншуда зиёд ва инчунин ҳангоми шабона, рӯзҳои истироҳат ва ид ба кор ҷалб намудани кормандони мақомоти корҳои дохилӣ мумкин аст бо ризоияти тарафҳо бо додани рӯзҳои дигари истироҳат ҷуброн карда шавад.
145. Ҳангоми кори бастӣ (сменавӣ) давомнокии якхелаи бастҳои рӯзона, бегоҳӣ ва шабона муқаррар карда мешавад.
146. Ҳайати қаторӣ, миёна ва калони роҳбарикунанда вазифадоранд хизмати худро дар ҷое, ки ба манфиати хизмат зарур аст ва бо фармони сардорон муқаррар шудааст, адо намоянд.
147. Ҳаҷми умумии корӣ зиёда аз вақти муқарраршуда барои ҳар як корманд аз 120 соат дар як сол зиёд буда наметавонад.
148. Дар сурати истифодабарии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ зиёда аз вақти муқаррарӣ ба онҳо музди меҳнат аз ҳисоби сметаи хароҷотии дахлдор пардохт ё ба муҳлати рузҳои аз вақти корӣ зиёд ҷалбшуда истироҳат дар рӯзҳои дигари ҳафта ҷуброн карда мешавад.
149. Дар сурати ғайриимкон будани ҷуброни номбурда, муҳлати иҷрои уҳдадории хизмати изофавӣ бо муҳлати хизмати ҳафтаина муқарраршуда ҷамъбаст карда шуда, ба кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар шакли истироҳати иловагии шабонарӯзӣ дода мешавад, ки ин рӯзҳоро бо хоҳиши онҳо ба рухсатии асосиашон ҳамроҳ кардан мумкин аст.
150. Ба кормандони мақомоти корҳои дохилӣ намудҳои зерини рухсатии меҳнатӣ бо нигоҳ доштани таъминоти пулӣ дода мешавад:
- ҳарсола (навбатӣ);
- кутоҳмуддат;
- таътилӣ ва баъди хатми муассисаҳои олии касбӣ ва миёнаи касбии мақомоти корҳои дохилӣ;
- иҷтимоӣ (рухсатиҳо бинобар сабаби ҳомиладорӣ ва таваллуд, нигоҳубини кӯдак, таҳсил ва эҷодӣ).
151. Давомнокии ҳама намуди рухсатӣ бо шабонарӯз ҳисоб карда шуда, рӯзҳои ид, ки мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи корӣ ҳисоб намешаванд, ҳангоми муайян намудани давомнокии рухсатии меҳнатӣ ба ҳисоб гирифта намешаванд.
152. Ҳангоми ба корманди мақомоти корҳои дохилӣ додани рухсатии кутоҳмуддати навбатӣ, рухсатиҳои меҳнатӣ бо сабаби хатм намудани муассисаҳои таълимии низоми Вазорати корҳои дохилӣ, инчунин рухсатӣ аз сабаби беморӣ бо дарназардошти рафтан ба маҳалли истироҳат ва бозгашт аз он ҷо бо давомнокии аз муҳлати муқаррарӣ зиёд дода мешавад.
153. Ҳангоми гузаронидани рӯзи истироҳат аз сабаби рост омадан ба рӯзҳои ид ин рӯзҳо ба рухсатии навбатӣ ҳамроҳ карда мешаванд.
154. Ба корманди мақомоти корҳои дохилӣ рухсатии меҳнатии пардохтшавандаи ҳарсола ба муддати 30 рӯзи тақвимӣ бе ҳисоб намудани вақти рафтан ба ҷойи истироҳат ва бозгашт бо пардохти арзиши роҳкиро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад.
155. Тибқи хоҳиши кормандони мақомоти корҳои дохилӣ мумкин аст рухсатии асосӣ ба онҳо қисм ба қисм дода шавад.
156. Ба кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, ки дар маҳалҳои шароити иқлимиашон душвор ва номусоид адои хизмат менамоянд, рухсатии меҳнатии пардохтшавандаи ҳарсола ба муддати 45 рӯзи тақвимӣ дода мешавад.
157. Ба корманди мақомоти корҳои дохилӣ вобаста ба муҳлати хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ ба рухсатии меҳнатии пардохтшавандаи ҳарсола рӯзҳои иловагӣ ба муддати зерин ҳамроҳ карда мешаванд:
- баъди 10 соли хизмат - 5 рӯзи тақвимӣ;
- баъди 15 соли хизмат - 10 рӯзи тақвимӣ;
- баъди 20 соли хизмат - 15 рӯзи тақвимӣ.
158. Ба ҳайати роҳбарикунандаи муассисаҳои таълимӣ ва муассисаҳои илмию тадқиқотии мақомоти корҳои дохилӣ рухсатии навбатӣ ба таври умумӣ дода мешавад.
159. Ба кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, ки дар вақти рухсатии меҳнатӣ бемор шудаанд, муҳлати рӯзҳои рухсатии истифоданашуда ҳангоми беморӣ дароз карда мешавад. Дар ин ҳолат давомнокии рухсатӣ аз тарафи сардоре, ки рухсатӣ додааст, дар асоси ҳуҷҷатҳои аз тарафи духтури муолиҷакунанда ва сардори (сардухтури) муассисаи табобатӣ тасдиқшуда амалӣ мегардад.
160. Ба кормандоне, ки аз мақомоти корҳои дохилӣ бо сабаби расидани синну сол, собиқаи меҳнатӣ, беморӣ, маҳдудияти вазъи саломатӣ ё ихтисори воҳидҳои корӣ озод карда мешаванд, бо хоҳиши онҳо дар ҳамон сол рухсатии навбатӣ ба муҳлати муайяннамудаи бандҳои 154-157 Низомномаи мазкур дода мешавад ва дар ин ҳолат санаи озод намудан охирин рӯзи рухсатӣ ҳисобида мешавад.
161. Кормандоне (ба ғайр аз шахсони дар банди 160 Низомномаи мазкур нишондодашуда), ки аз мақомоти корҳои дохилӣ озод мешаванд, рухсатии истифоданашудаи онҳо дар ҳамон соли аз кор рафтанашон ба сифати ҷубронпулӣ мутаносибан ба вақти хизмати ҳамонсола пардохт карда мешавад.
162. Ба яке аз аъзои оилаи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ хароҷоти роҳкиро барои рафту омад ҳамроҳ бо корманд ба маҳалли гузаронидани рухсатии меҳнатӣ ҷуброн карда мешавад, агар корманд дар соли гузашта хароҷоти ҳамлу нақлро ҳангоми рухсатии меҳнатӣ нагирифта бошад.
163. Бозхонд намудани корманди мақомоти корҳои дохилӣ аз рухсатии навбатӣ мумкин нест. Дар ҳолати зарурати ниҳоии хизматӣ, бозхонд аз рухсатии навбатӣ бо розигии корманд ва бо иҷозати хаттии сардоре, ки ин ҳуқуқро ба ӯ вазири корҳои дохилӣ додааст, мумкин аст.
164. Ҳангоми бозхонд аз рухсатии навбатӣ қисми истифоданашудаи он дар давоми соли ҷорӣ дода мешавад. Агар қисми истифоданашуда 10 шабонарӯз ё аз он зиёдро ташкил диҳад, ба корманди мақомоти корҳои дохилӣ ҳуҷҷатҳои ҳамлу нақл барои рафту омад ба ҷойи гузаронидани рухсатии меҳнатӣ ва ба иловаи рухсатӣ барои роҳи сафар вақти иловагӣ низ дода мешавад. Бо хоҳиши корманд қисми истифоданашудаи рухсатии меҳнатӣ ба рухсатии навбатии соли оянда ҳамроҳ карда мешавад.
165. Барои кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, ки бо сабабҳои асоснок дар давоми соли тақвимии ҷорӣ имконияти додани рухсатии меҳнатии навбатӣ ба миён наомадааст, дар охири сол фармоиши вазири корҳои дохилӣ ва ё сардорони ҷузъу томи мақомоти корҳои дохилӣ оид ба гузаронидани рухсатии онҳо ба соли оянда бо асосноккунии сабабҳои дода нашудани рухсатии меҳнатии навбатӣ дар соли ҷорӣ бароварда мешавад. Дар давоми ду сол пай дар пай надодани рухсатии меҳнатӣ манъ аст.
166. Рухсатии кутоҳмуддат бо сабабҳои шахсӣ ба кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ба муҳлати то даҳ шабонарӯз, агар рухсатии асосиро онҳо истифода бурда бошанд, дар ҳолатҳои зерин дода мешавад:
- ҳолати вазнини саломатӣ ва вафоти (ҳалоки) хешовандони наздики корманд ё шахсе, ки корманд дар тарбия ё таъминоти ӯ мебошад;
- сӯхтор ё офати дигари табиие, ки нисбати оила ё хешовандони наздики корманд рух додааст;
- иҷрои қарзи хешовандӣ ва сабабҳои дигари узрнок.
167. Ба кормандон–занони мақомоти корҳои дохилӣ рухсатӣ барои ҳомиладорӣ, нигоҳубини кӯдак ва пардохти ҷубронпулиҳои дахлдор тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад.
168. Рухсатӣ бо сабаби беморӣ ба корманди мақомоти корҳои дохилӣ дар асоси қарори комиссияи марказии ҳарбии тиббии Вазорати корҳои дохилӣ дода мешавад, давомнокии рухсатӣ бо сабаби беморӣ аз хусусияти беморӣ муайян мегардад. Ҳисоби умумии муҳлати дар рухсатӣ ва табобат дар муассисаҳои тиббӣ қарор доштан набояд аз чор моҳ зиёд бошад, ба истиснои он ҳолатҳое, ки агар бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳлати аз он зиёдтар барои табобати бемориҳои махсус пешбинишуда бошад, ин муҳлат метавонад бо қарори сардоре, ки ба ӯ аз тарафи вазири корҳои дохилӣ чунин ҳуқуқ дода шудааст, дар асоси хулосаи муассисаи тиббӣ дароз карда шавад. Баъди гузаштани муҳлати муайяни бефосила қарор доштан дар рухсатӣ бо сабаби беморӣ ва табобат, дар оянда кормандро аз муоинаи комиссияи марказии ҳарбии тиббӣ барои ҳалли масъалаи коршоямии ӯ барои адои хизмат мегузаронанд.
169. Муддати дар ташхис ва табобат қарор доштани кормандони мақомоти корҳои дохилӣ бо сабаби гирифтани ҷароҳат, ярадорӣ, лат хӯрдани cap (контузия) ё маъюбӣ ҳангоми адои вазифаи хизматӣ бо муҳлат маҳдуд карда нашуда, шахсони номбурда баъди тамом шудани ташхису табобат ё маълум шудани оқибати беморӣ ба муоинаи тиббӣ равон карда мешаванд.
170. Рухсатӣ бо сабаби беморӣ ба ҳисоби рухсатии меҳнатии навбатӣ дохил карда намешавад.
171. Ба кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, ки дар муассисаҳои таълимии низоми Вазорати корҳои дохилӣ дар шакли рӯзонаи таълимӣ таҳсил доранд, рухсатиҳои зерин дода мешаванд:
- рухсатии таътили зимистона - бо давомнокии 14 шабонарӯз;
- рухсатии таътили тобистона - бо давомнокии 30 шабонарӯз;
- баъди хатми муассисаҳои таълимии низоми Вазорати корҳои дохилӣ - бо давомнокии 45 шабонарӯз. Ин рухсатӣ ба онҳо бояд то фиристода шуданашон ба ҷойи адои хизмат дода шавад.
172. Рухсатии иловагӣ барои иҷрои вазифаҳо дар шароити зараровар мутаносибан ба давомнокии рухсатии монанд барои гурӯҳи коргарон ва хизматчиён муқаррарнамудаи қонунгузорӣ муайян карда мешавад.
173. Рухсатии иловагӣ барои хусусияти махсуси хизмат ба корманди мақомоти корҳои дохилӣ бо мақсади барқарор намудани коршоямии касбӣ, ки хизмати онҳо ба шиддати асабонӣ алоқаманд аст, бо давомнокии то 15 шабонарӯз, новобаста аз собиқаи хизматӣ, дода мешавад.
174. Ба корманди мақомоти корҳои дохилӣ рухсатии иловагии ҳарсола барои иҷрои вазифаҳо дар шароитҳои зарарнок ва вазнин дода мешавад.
175. Давомнокии шароити додан ва пардохти рухсатиҳои иҷтимоӣ бо тартиби муайяннамудаи қонунгузорӣ муқаррар карда шуда, рухсатиҳои иҷтимоӣ бар замми рухсатии навбатӣ дода мешавад.
176. Таъминоти пулии кормандони милитсия аз маоши моҳонаи мансабӣ, маоши моҳона барои рутбаи махсус, ки маоши моҳонаи таъминоти пулии кормандони милитсияро ташкил медиҳанд ва аз иловапулӣ барои собиқаи хизмат иборат мебошад. Андоза ва тартиби пардохти таъминоти пулии кормандони милитсия аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
177. Ба кормандоне, ки дар воҳидҳои махсуси сохтори мақомоти корҳои дохилӣ (раёсати воҳидҳои таъиноти махсус ва ҷузъу томи он, дастаҳои дигари алоҳида ва махсуси зудамали ҷузъу томи мақомоти корҳои дохилӣ) қисмҳои ҳарбӣ, баталион ва ротаҳои таъиноти махсуси Қӯшунҳои дохилӣ адои хизмат менамоянд, бо дарназардошти мушкилӣ, хусусияти кори онҳо ва бо сабаби дар тайёрии доимии ҷангӣ қарор доштанашон, бар замми маоши мансабиашон иловапулии ҳармоҳа ба андозаи 40 (чил) дарсад аз маоши мансабӣ пардохта мешавад.
178. Ба шахсони ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунанда ба таъминоти пулие, ки ба онҳо муқаррар шудааст, вале дар вақташ ва ё пурра пардохт карда нашудааст (ба истиснои кумакпулиҳо ҳангоми фавт, гирифтани маъюбӣ ва беморӣ), барои гирифтани он дар давоми на зиёда аз 3 сол аз рӯзҳои муқарраршудаи пардохт ва ё пешниҳоди даъво ҳуқуқ доранд.
179. Ба кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, ки ба ҳолати тайёрии доимии ҷангӣ омода карда шуда, дар гузаронидани амалиёти зиддитеррористӣ ё амалиёти дигари махсуси бар зидди гурӯҳҳои ҷиноятии муташаккил ва трансмиллӣ равонагардида ҷалб карда мешаванд, бар замми маоши мансабиашон иловапулӣ ба андозаи 40 (чил) дарсад аз маоши мансабӣ пардохт карда мешавад.
180. Ба кормандони мақомоти корҳои дохилӣ бар ивази озуқаворӣ ҷубронпулӣ пардохт карда мешавад, ки ҳаҷми он бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои ҳар сол муқаррар карда мешавад.
181. Ба баъзе аз гурӯҳи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ мумкин аст иловапулиҳои дигаре, ки бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидаанд, пардохт карда шаванд.
182. Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, ки 20 сол ва аз он зиёдтар хизмат кардаанд, ҳар моҳ ба таъминоти пулиашон 25 (бисту панҷ) дарсад маоши вазифавӣ замима мегардад. Тартиб ва шарти пардохти иловапулии мазкур аз ҷониби вазири корҳои дохилӣ муайян карда мешавад.
183. Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ аз ҳисоби маблағҳои воҳидҳои дахлдори мақомоти корҳои дохилӣ бо суғуртаи ҳатмии шахсӣ фаро гирифта мешаванд. Зараре, ки ба моликияти корманди мақомоти корҳои дохилӣ, вобаста ба фаъолият ё вазифаи хизматии ӯ расонида шудааст, дар ҳаҷми пурра аз ҳисоби шахсони гунаҳкор ё манбаъҳои таъминотӣ дар асоси қарори суд ҷуброн карда мешавад.
184. Дар сурати ба корманди мақомоти корҳои дохилӣ расонидани зарари вазнини ҷисмонӣ ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ, ки боиси маъюбӣ нагардидааст, ёрдампулии якдафъаина дар ҳаҷми 5 (панҷ) маоши таъминоти пулӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ ва ё манбаъҳои дигари дахлдор пардохт карда мешавад.
185. Ҳангоми ҳалок гардидани корманди мақомоти корҳои дохилӣ бинобар иҷрои фаъолияти хизматӣ, ба оилаи ҳалокгардида ва ё шахсони таҳти саробонии ӯ буда ёрдампулии якдафъаина дар ҳаҷми 8 (ҳашт) маоши таъминоти пулии ҳалокгардида, аз ҳисоби маблағҳои дахлдори ҷузъу томи мақомоти корҳои дохилӣ пардохт карда мешавад.
186. Дар сурати ба корманди мақомоти корҳои дохилӣ расонидани зарари ҷисмонӣ, ки ба фаъолияти касбӣ машғул шуданро имконнопазир мегардонад, ба ӯ ёрдампулии якдафъаина дар ҳаҷми 6 (шаш) маоши таъминоти пулӣ аз ҳисоби маблағҳои дахлдори ҷузъу томи мақомоти корҳои дохилӣ пардохт карда мешавад.
187. Дар сурати пеш аз муҳлат озод шудани корманди милитсия аз хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ дар натиҷаи бемории дар рафти адои хизмат гирифта, ба ӯ кумакупулии якдафъаина ба андозаи 5 (панҷ) маоши таъминоти пулӣ пардохт карда мешавад.
188. Барои дафни корманди мақомоти корҳои дохилӣ ва аъзои оилаи ӯ (падар, модар, ҳамсар ва фарзандон) дар асоси муроҷиати хаттӣ кумакпулии якдафъаина дар ҳаҷми 5 (панҷ) маоши таъминоти пулӣ, вале на камтар аз ҳаҷми муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми шаш моҳ аз рӯзи вафот пардохт карда мешавад.
189. Ба кормандони мақомоти корҳои дохилӣ мумкин аст иловапулиҳои дигаре, ки бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидааст, пардохт карда шавад.
190. Вобаста ба хусусияти хизмат, маҳдудияти як қатор ҳуқуқҳои умумишаҳрвандӣ ва озодии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ бо Низомномаи мазкур муайян ва бо имтиёзҳои дахлдор ҷуброн карда мешавад.
191. Барои кормандони мақомоти корҳои дохилӣ мумкин аст кафолатҳои иловагӣ тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ пешбинӣ карда шаванд.
192. Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, ки дар муассисаҳои таълимӣ ба таври ғоибона таҳсил менамоянд, бо имтиёзҳои барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон фаро гирифта мешаванд.
193. Ба кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, ки бо мақсадҳои хизматӣ нақлиёти шахсии худро истифода мебаранд, бо андозаи муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷубронпулӣ пардохт карда мешавад.
194. Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ барои рафтуомади ройгон ба воситаи нақлиёти роҳи оҳан, ҳавопаймо ва автомобилӣ (ба истиснои таксӣ), инчунин тамоми намудҳои нақлиёти ҷамъиятии шаҳрӣ, наздишаҳрӣ ва маҳаллӣ бо пешниҳод намудани корти ройгон ва шаҳодатномаи хизматӣ ҳуқуқ доранд.
195. Аъзои оилаи корманди мақомоти корҳои дохилӣ барои аз маҳалли истиқомат ба макони хизмати кормандон, бо сабаби гузаронидани онҳо барои хизмат ба маҳалли дигар ва ё ҳангоми аз кор озод шуданашон, ба ҷойи зисти интихоб кардаашон барои рафтуомади бепул ҳуқуқ доранд (ба ғайр аз таксӣ). Ба ғайр аз ин, кормандон ҳангоми дар сафари хизматӣ будан ва барои рафтан ба макони нави хизмат, аз ҷумла ба маҳалли гузаронидани рухсатии меҳнатӣ, табобат, хониш ва бозгашт аз он ҷо ҳуқуқи бе навбат гирифтани чиптаҳоро ба ҳама гуна воситаҳои нақлиёт доранд.
196. Ба кормандоне, ки 20 сол ва зиёда аз он дар мақомоти корҳои дохилӣ (ба ҳисоби тақвимӣ) хизмат кардаанд ва ё аз мақомоти корҳои дохилӣ бо сабаби беморӣ, ки он бо адои хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ алоқаманд аст, озод гардидаанд, қитъаи замин барои сохтмони манзили истиқоматӣ аз ҳисоби заминҳои истифоданашуда ё бо тартиби дигари муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳрҳо ва шаҳракҳо ва дар минтақаи деҳот дода мешавад.
197. Ба кормандоне, ки 20 сол ва зиёда аз он (ба ҳисоби тақвимӣ) дар мақомоти корҳои дохилӣ кор кардаанд, инчунин кормандоне, ки иштирокчии барқароркунии сохти конститутсионӣ ва ҷанговар-интернатсионалист ҳастанд, аз ҷумла дар қатори онҳо аъзои оилаи кормандони ҳалокшуда ё кормандони дар натиҷаи ярадорӣ, лат хӯрдани cap (контузия), маъюбӣ ва беморӣ, ки бо амалӣ намудани фаъолияти хизматии қонуниашон алоқаманд вафот кардаанд, хонаҳои истиқоматии ишғолкардаашон, новобаста ба андозаашон тибқи талаботи қонунгузорӣ ба онҳо, ройгон хусусӣ гардонида дода мешаванд.
198. Таъмини кормандони мақомоти корҳои дохилӣ бо манзили истиқоматӣ дар намуди ҳуҷра ё хонаи алоҳида тибқи моддаи 27 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия» ба танзим дароварда мешавад.
199. Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, ки хонаҳои истиқоматии доимӣ надоранд ё барои беҳтар намудани шароити манзилиашон эҳтиёҷ доранд, ҳуқуқ доранд барои сохтмони кооперативӣ ва инфиродӣ ба муҳлати 20 сол қарзи имтиёзнок гиранд, ки 50 (панҷоҳ) дарсади он аз ҳисоби маблағи буҷетҳои дахлдор пардохт карда мешавад.
200. Додани қарзи имтиёзнок ба кормандоне, ки на камтар аз 5 сол дар мақомоти корҳои дохилӣ кор кардаанд, бо пешниҳоди сардори ҷузъу томи дахлдор ва бо қарори комиссияи манзилӣ-истиқоматӣ амалӣ мегардад.
201. Имтиёзҳои дар банди 200 Низомномаи мазкур пешбинишуда барои кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, ки ба сабаби синну сол, беморӣ, маҳдудияти вазъи саломатӣ ва ихтисори воҳидҳои корӣ озод шудаанд, нигоҳ дошта мешаванд.
202. Ба кормандон ва нафақахӯрони мақомоти корҳои дохилӣ, ки бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардидаанд, мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқу имтиёзҳо дода мешаванд.
203. Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ аз рӯйи меъёрҳои муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таъминоти молию пулӣ фаро гирифта мешаванд. Ҳангоми нопурра гирифтани намудҳои молу ашёи мувофиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бар ивази он ҷубронпулӣ пардохт карда мешавад.
204. Ба кормандон ва аъзои оилаи онҳо, ки якҷоя зиндагӣ мекунанд, пардохти масоҳати зист, тамоми хизматҳои коммуналӣ (ба истиснои пардохти газ ва барқ), пардохти гузаронидани телефон, алоқаи муштариёна ва пардохти вақтбайъ (ба истиснои гуфтугӯи байнишаҳрӣ), новобаста ба мансубияти манзили истиқоматӣ, 50 (панҷоҳ) дарсад кам карда мешавад.
205. Занони ҳомиладор ва модароне, ки кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ҳастанд, инчунин, падарон - кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, ки фарзандони худро бе модар тарбия карда истодаанд (дар ҳолати вафот, ба муҳлати дуру дароз дар муассисаи тиббӣ қарор доштан ва дар мавридҳои дигари аз парастории модар маҳрум мондан) аз ҳамаи ҳуқуқу имтиёзҳои муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ истифода бурда метавонанд.
206. Кормандон, собиқадорон ва нафақахӯрони мақомоти корҳои дохилӣ, аъзои оилаи онҳо барои хизматрасонии бепули тиббӣ (аз ҷумла таъминот бо доруворӣ) дар муассисаҳои тиббии сохтори Вазорати корҳои дохилӣ ҳуқуқ доранд.
207. Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, ки рутбаи полковники милитсия, полковники хизмати дохилӣ ва ё аз он боло, унвони илмӣ ё дараҷаи илмӣ доранд, аз ҷумла шахсони дар ҳамин рутба ё унвони илмӣ аз кор озод кардашуда, ҳуқуқи гирифтани масоҳати истиқоматии иловагӣ ё ҳуҷраи иловагиро доранд. Тартиби пешниҳоди масоҳати истиқоматӣ ё ҳуҷраи истиқоматӣ ва масоҳати онҳо бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
208. Таъминоти нафақаи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, аз ҷумла онҳое, ки бинобар расидан ба ҳадди синну соли ниҳоӣ, собиқаи хизматӣ, аз рӯйи беморӣ, ихтисори воҳидҳои корӣ, аз рӯйи вазъи саломатӣ дар мақомоти корҳои дохилӣ ҳуқуқи гирифтани нафақа доранд, инчунин шахсоне, ки ҷиҳати таъминоти худ ва аъзои оилаашон бо кумаки тиббӣ дар муассисаҳои тиббии сохтори Вазорати корҳои дохилӣ ниёз доранд ва нафароне, ки ба табобати курортӣ эҳтиёҷ доранд, дар санаторияҳо ва хонаҳои истироҳатии ҳамин сохтор амалӣ карда мешавад.
209. Агар кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар муассисаҳои тиббии сохтори Вазорати корҳои дохилӣ аз рӯйи имконият бо муолиҷаи санаторию курортӣ таъмин нагарданд, бо қарори комиссияи машваратии тиббии (КМТ) муассисаи тиббии мақомоти корҳои дохилӣ ё комиссияи интихобии санаторӣ бо тартиби муайяннамудаи вазири корҳои дохилӣ дар ҳудуди маблағи ба ин мақсад аз рӯйи сметаи хароҷоти мақомоти корҳои дохилӣ дахлдор ҷудо кардашуда, ки тасдиқ шудааст, дар асоси розигии байни тарафҳои аҳдкунанда, ба муассисаҳои дигари санаторию курортӣ роҳхат ба даст оварда метавонанд.
210. Барои ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунанда, ки аз мақомоти корҳои дохилӣ бинобар расидан ба ҳадди синну соли ниҳоӣ, собиқаи корӣ, беморӣ, ихтисори воҳидҳои корӣ ё маҳдудияти вазъи саломатӣ бо пайдо намудани ҳуқуқ ба нафақа озод шудаанд, сарфи назар аз асоси озод шуданашон, ба онҳо ва аъзои оилаашон ҳуқуқ ва имтиёзҳои дар Низомномаи мазкур пешбинишуда боқӣ мемонад.
211. Ҳангоми дар асоси хулосаи муассисаи тиббии сохтори Вазорати корҳои дохилӣ фиристодани корманд ва аъзои оилаи ӯ барои табобат ба муассисаҳои солимгардонӣ ва санаторию курортӣ онҳо ҳуқуқи гирифтани харҷи роҳро то макони гузаронидани табобат ва бозгашт аз он ҷойро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои сметаи хароҷотии дахлдор доранд.
212. Барои занон (шавҳарон) ва фарзандони кормандони ҳалокгардидаи мақомоти корҳои дохилӣ, инчунин шахсоне, ки аз мақомоти корҳои дохилӣ бинобар расидан ба синну соли ниҳоӣ, собиқаи корӣ, беморӣ, маҳдудияти вазъи саломатӣ ё ихтисори воҳидҳои корӣ аз хизмат озод шудаанд, имтиёзҳо барои расонидани ёрии тиббӣ ва табобати санаторию курортӣ нигоҳ дошта мешаванд.
213. Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, ки аз хизмат барои гирифтани нафақа озод карда шудаанд, онҳо ва аъзои оилаашон, тибқи талаботи Низомномаи мазкур ҳуқуқ ба имтиёзҳо доранд, дар қатори ин имтиёзҳо аз имтиёзҳои дигари пешбининамудаи санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мебаранд.
214. Ба кормандон ва аъзои оилаи онҳо ҳангоми доштани ҳуқуқ барои гирифтани як имтиёз аз рӯйи якчанд асос, ба онҳо интихоби имтиёз дар як асос, ба истиснои ҳолатҳои махсусан пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешниҳод карда мешавад.
215. Хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ дар парвандаи шахсии корманд, ки аз тарафи хадамоти кадрии мақомоти корҳои дохилии дахлдор бурда мешавад, сабт мегардад. Ҳангоми гузаштани кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ба сохторҳои дигари қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ парвандаи шахсии онҳо ба ҷойи нави хизмат фиристода мешавад.
216. Бурдани якчанд парвандаи шахсӣ нисбати як корманди мақомоти корҳои дохилӣ манъ аст. Тартиби пеш бурдан ва нигоҳ доштани парвандаи шахсии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ аз тарафи вазири корҳои дохилӣ муайян карда мешавад.
217. Ишғол намудани ҷойҳои холӣ дар мақомоти корҳои дохилӣ бо роҳи бастани шартномаи меҳнатии инфиродӣ амалӣ мегардад. Мансабҳои ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ мутобиқи Низомномаи мазкур бо роҳи бастани шартномаи меҳнатии инфиродӣ, ба шакли озмун, инчунин тавассути таъин намудан ба мансаб ишғол карда мешаванд.
218. Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар мавридҳои зерин иҷрокунандаи вазифаи хизматӣ ба ҳисоб мераванд:
- иҷрои вазифа оид ба ҳимояи сохти конститутсионӣ ва риояи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ, қонунҳо, санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- иҷрои фармонҳо, фармоишҳо, супоришҳо, талабот ва нишондодҳои аз тарафи мақомоти болоӣ бо тартиби тобеияти сардорон дар ҳадди ваколати мансабиашон додашуда;
- нигоҳдории (ҳифзи) сирри давлатӣ ва сирҳои дигари аз тарафи қонун ҳифзшаванда, инчунин ошкор накардани маълумоте, ки вобаста ба иҷрои вазифаҳои мансабиашон ба онҳо маълум гашта, ба ҳаёти шахсӣ ва шаъну эътибори шаҳрвандон дахл доранд;
- иҷрои вазифаҳои мансабиашон дар давоми вақти кории муайяншуда ё аз он зиёд, агар онро зарурати хизматӣ тақозо кунад;
- иштирок дар ҷамъомадҳо, машқҳо, курсҳои омӯзишӣ, чорабиниҳои варзишӣ ва чорабиниҳои дигар, ки бо омӯзиши кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, инчунин бо таҳсил дар адъюнктураи мактаби олии ҳарбӣ, докторантура ва дар рухсатии эҷодӣ будан вобаста аст;
- иштирок дар чорабиниҳои хизматию оперативӣ мувофиқи нақшаҳои тасдиқнамудаи сардорони мақомоти корҳои дохилӣ;
- рафтан ба сафари хизматӣ, табобат ва бозгашт аз онҳо, дар сафари хизматӣ ё табобат будан;
- амал намудан барои ҳимояи ҳаёт, саломатӣ, шаъну эътибори шаҳрвандон, инчунин барои бехатарии шахсӣ вобаста ба вазифаҳои хизматии онҳо ё берун аз онҳо ва аъзои оилаи корманд;
- дар асирӣ будан (ғайр аз мавридҳои ихтиёран ба асирӣ таслим шудан) дар шароити боздошт шудан ё ба сифати гаравгон гирифтан;
- беному нишон буда, то бе ному нишон дониста шудани корманд ё бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон фавтида эълон намудани ӯ;
- иштирок дар иҷрои вазифаҳо дар шароитҳои ҷангӣ ва ҳолати фавқулода, инчунин задухӯрдҳои мусаллаҳона;
- ҳангоми рафтан аз маҳалли истиқомат ба ҷойи хизмат ва баргаштан аз он.
219. Дар асирӣ, дар ҳолати боздошт шудан ё ба сифати гаравгон қарор доштани кормандони мақомоти корҳои дохилиро санади дохилиидоравии Вазорати корҳои дохилӣ, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, шартномаҳои байналмилалӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчии онҳо мебошад (созишномаҳои Женева аз 12 августи соли 1949 ва Протоколҳои иловагии он), муайян мекунанд.
220. Кормандони зерини мақомоти корҳои дохилӣ вазифаи хизматии худро иҷронамуда ҳисобида намешаванд:
1) кормандоне, ки дар давоми рухсатии меҳнатӣ ё барои истироҳат дар истироҳатгоҳҳо қарор доранд, ба истиснои ҳолатҳои дар қонунгузорӣ пешбинишуда;
2) нисбати шахсоне, ки дар рафти санҷиши хизматӣ аз тарафи мақомоти таҳқиқ, тафтишоти пешакӣ ва суд муқаррар карда шудааст, ки кирдори содирнамудаашон:
- дар ҳолати мастӣ, ки ҳангоми истеъмоли маводди спиртӣ, нашъадор, психотропӣ ё мадҳушкунанда ба вуҷуд омадааст;
- ҳамчун ҷинояти қасдона, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ банду баст карда шудааст;
- худкушӣ ҳисобида шуда, зимнан ба он беморӣ ё ба худкушӣ оварда расонидан сабаб нагардидааст.
221. Маҳдудиятҳои ба хизмат алоқаманд дар мақомоти корҳои дохилӣ инҳоянд:
- машғул шудан бо фаъолияти дигари пардохтшаванда, ба ғайр аз фаъолияти омӯзгорӣ, илмӣ ва эҷодӣ;
- шахсан ё ба воситаи шахсони боваринок машғул шудан бо фаъолияти соҳибкорӣ;
- аъзои мақоми идоракунии ташкилотҳои тиҷоратӣ будан, агар тартиби дигаре дар қонунгузорӣ пешбинӣ нашуда бошад ё бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ба ӯ иштирок намудан дар идоракунии ин ташкилот супориш нашуда бошад;
- истифода бурдани воситаҳои моддию техникӣ, молиявӣ, таъминоти иттилоотӣ ва моликияти дигари мақомоти корҳои дохилӣ, инчунин маълумоти хизматӣ ва шаҳодатномаи хизматӣ бо мақсадҳои ғайрихизматӣ;
- аз шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ гирифтани туҳфаҳо, мукофоти пулӣ, подош, харҷи нақлиёт ва мукофотҳои дигар, ки ба иҷрои вазифаҳои хизматӣ алоқаманд аст;
- бе иҷозати вазири корҳои дохилӣ қабул намудани мукофот, рутбаҳои махсус ва фахрии давлатҳои хориҷӣ, инчунин ташкилотҳои байналмилалӣ ва хориҷӣ;
- истифода бурдан аз мақоми худ дар ҳалли масъалаҳое, ки ба манфиатҳои ғайрихизматӣ, шахсӣ ва гурӯҳии ӯ дахолат мекунад;
- ба сафар рафтан ба хориҷа аз ҳисоби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ба ғайр аз сафари хизматӣ, ки бо иҷозати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё дар асоси шартномаи дуҷонибаи Вазорати корҳои дохилӣ бо мақомоти давлатии давлатҳои хориҷа, ташкилотҳои байналмилалӣ ва хориҷӣ ё дар асоси созишномаи дутарафа дар бораи ҳамкорӣ байни муассисаҳои таълимии низоми Вазорати корҳои дохилӣ ва муассисаҳои таълимии давлатҳои хориҷӣ дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори дахлдор анҷом дода мешавад;
- иштирок намудан дар корпартоиҳо;
- истифода намудани мавқеи хизматии худ ба манфиати ҳизбҳои сиёсӣ, динӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ барои тарғиботи онҳо;
- бе иҷозати сардорони бевоситаи худ аз сафоратхонаҳо ва намояндагиҳо ва ташкилотҳои дигари байналмилалии давлатҳои хориҷӣ, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир шудаанд, дидан намудан ва бо шаҳрвандони хориҷӣ бе зарурати хизматӣ вохӯрдан;
- фош намудани маълумоти сирри давлатӣ ва хизматӣ, ки ҳангоми хизмат ва ё кор ба онҳо маълум гаштааст.
222. Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, ки муассисаҳои таълимии низоми Вазорати корҳои дохилӣ ё муассисаҳои дигари таълимиро хатм намуда, маълумоти миёнаи касбӣ гирифтаанд, барои дохил шудан ба Академияи Вазорати корҳои дохилӣ ба шакли таълими ғоибона бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд.
223. Ҳангоми аз давлати дигар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансаби дигар гузаштани кормандони мақомоти корҳои дохилӣ рутбаҳои махсуси доштаашон (мувофиқи мансаби ишғолкардаашон дода мешавад) нигоҳ дошта шуда, инчунин нисбати онҳо тартиби ҳисоб намудани собиқаи корӣ, имтиёзҳо ва ҷубронпулиҳои бо санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбининамуда, агар тартиби дигаре дар созишномаи дутарафа байни тарафҳо муқаррар нагашта бошад, истифода мегарданд.
224. Сардорони бевосита вазифадоранд барои тобеонашон ҷиҳати истироҳат, пешравӣ дар хизмат, баланд бардоштани сатҳи таҳсилот ва одобу фарҳанги касбӣ ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоию маишӣ шароити мусоид фароҳам оваранд. Сардорон ва шахсони дигари мансабдори мақомоти корҳои дохилӣ барои дуруст риоя намудани талаботи Низомномаи мазкур ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ дар масъалаҳои адои хизмат ва кор бо кадрҳо масъулияти шахсиро ба уҳда доранд.
225. Ҳангоми вайрон гардидани ҳуқуқи корманд он бетағйир барқарор карда шуда, шахсони мансабдоре, ки бо айби онҳо чунин хатогӣ ба вуҷуд омадааст, дар мавридҳои муқаррарнамудаи қонунгузории амалкунанда ва бо ҷуброни зарари моддии расонидашуда ба ҷавобгарӣ ҷалб карда мешаванд.
226. Ҳайати миёна ва калони роҳбарикунанда вобаста ба мансаби ишғолкардаашон ва шахсоне, ки бенуқсон мувофиқи шартҳои дар ҳуҷҷатҳои муқарраршуда, инчунин мувофиқи шартҳои дар шартномаи байналмилалӣ пешбинишуда, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчии он мебошад, на камтар аз 3 сол дар мақомоти корҳои дохилӣ хизмат кардаанд, барои такмили ихтисос дар давлатҳои хориҷӣ ҳуқуқ доранд. Шахсоне, ки Академияи Вазорати корҳои дохилиро бо баҳои аъло хатм намудаанд, барои хондан ба адъюнктура фиристода шуданашон мумкин аст.
227. Ҳангоми дохил шудан барои хизмат ба мақомоти корҳои дохилӣ шаҳрвандон ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод менамоянд:
- аризаи шахсӣ;
- нусхаи шиноснома;
- дафтарчаи меҳнатӣ;
- ҳуҷҷати тасдиқкунандаи таҳсилот;
- ҳуҷҷати муайянкунандаи муносибати иҷрои уҳдадории ҳарбӣ (барои шаҳрвандоне, ки дар захираи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд);
- эъломия оид ба андоз аз даромад ва эъломия оид ба вазъи молумулкӣ.
228. Хадамот ё воҳидҳои кадрии мақомоти корҳои дохилӣ номзадҳои барои хизмат ба мақомоти корҳои дохилӣ дохилшавандаро барои гузаштан аз муоинаи тиббӣ, ташхиси руҳӣ-равонӣ ва супоридани меъёрҳои тайёрии ҷисмонӣ роҳхат медиҳанд.
229. Дар мавриди муайян намудани ҳолатҳое, ки барои хизмат ба мақомоти корҳои дохилӣ қабул шудани шаҳрванд монеа мешаванд, шахси номбурда тибқи санадҳои қонунгузорӣ оид ба сабабҳои рад шудани ӯ барои хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ хабардор карда мешавад.
230. Ҷойивазкунии мансабҳои ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ вобаста ба талаботи тахассусиашон ба мансабҳои муносиб амалӣ карда мешавад.
231. Тартиби интихоби шаҳрвандон барои хизмат ба мақомоти корҳои дохилӣ ва дохил шудан ба муассисаҳои таълимии мақомоти корҳои дохилӣ бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Вазорати корҳои дохилӣ муайян карда мешавад.
232. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки муассисаҳои таҳсилоти олии касбии омӯзишии давлатиро хатм намудаанд, курсантҳо ва шунавандагони муассисаҳои таълимии низоми Вазорати корҳои дохилӣ, инчунин, муассисаҳои таълимии Вазорати корҳои дохилии давлатҳои хориҷӣ, ҳамчунин, шахсони ба ҳайати мансабҳои роҳбарикунанда таъиншуда ҳангоми хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ аз қайди ҳарбии комиссариатҳои ҳарбӣ бароварда шуда, ба қайди махсус дар Вазорати корҳои дохилӣ монда мешаванд.
233. Тартиб ва хусусияти қайди ҳарбии шаҳрвандоне, ки дар мақомоти корҳои дохилӣ хизмат мекунанд, бо тартиби пешбининамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» муайян карда мешавад.
234. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар мақомоти корҳои дохилӣ адои хизмат менамоянд, ихтисоси ҳарбии бақайдгириашон аз тарафи вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Вазорати корҳои дохилӣ муқаррар карда мешавад.
235. Ба мансаби дигар гузаронидани корманди мақомоти корҳои дохилӣ ба таври зерин амалӣ мегардад:
- ба мансаби болоӣ - бо тартиби болоравӣ дар хизмат, бо назардошти дараҷаи тайёрии касбӣ, бо розигии корманди мақомоти корҳои дохилӣ ва бо тартиби аттестатсионӣ;
- ба мансаби баробар - ҳангоми зарурати иваз намудани мансаби дигар ё ҷиҳати мақсаднок истифода намудани корманди мақомоти корҳои дохилӣ бо дарназардошти хусусиятҳои шахсӣ, хизматӣ ва сатҳи тайёрӣ аз рӯйи ихтисоси нав ё вазъи саломатӣ ва синну сол, ҳангоми ихтисори воҳидҳои корӣ ё барҳамдиҳии яке аз сохторҳои мақомоти корҳои дохилӣ -бо розигии корманди мақомоти корҳои дохилӣ, инчунин бо ташаббуси худи корманд ё бо сабаби шароити оилавӣ ва бо тартиби аттестатсионӣ;
- ба мансаби поёнӣ - ҳангоми ихтисори воҳидҳои корӣ ё барҳамдиҳии яке аз сохторҳои мақомоти корҳои дохилӣ, дар ҳолати набудани имконияти гузаронидан ба мансаби баробар, бо розигии корманди мақомоти корҳои дохилӣ, мувофиқи хулосаи комиссияи тиббии ҳарбӣ бо сабаби вазъи саломатӣ, бо хоҳиши шахсӣ аз рӯйи номувофиқии хизматӣ нисбати мансаби ишғолкардааш, бо тартиби аттестатсионӣ мувофиқи хизмат набудани мансаби ишғолкарда, бо тартиби ҷазои интизомӣ;
- ҳангоми қабул шудан ба таҳсил бо озод намудан аз мансаби воҳидии ишғолкарда;
- баъди адои таҳсил дар намуди рӯзона ҳангоми таъин намудан ба мансаб, ки он аз мансаби пеш аз таҳсил ишғолкардааш набояд паст бошад;
- бо розигии корманд бо тартиби махсус равон намудан ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва ташкилотҳо.
236. Ҳангоми ба мансаби дигар гузаронидани корманди мақомоти корҳои дохилӣ ӯ ба кор аз рӯйи ихтисосҳои асосӣ, ба он наздик ё ин ки мувофиқи таҷрибаи доштааш таъин карда мешавад. Дар ҳолати пайдо шудани зарурати истифодаи корманди мақомоти корҳои дохилӣ ба мансаби ихтисоси барои ӯ нав, корманд бояд дар курсҳои такмили ихтисос тайёрии пурра гирифта бошад.
237. Дар ҳама ҳолатҳо аз як кор ба кори дигар гузаронидани корманди мақомоти корҳои дохилӣ бо фармоиши вазири корҳои дохилӣ ё бо тартиби муайяннамудаи вазири корҳои дохилӣ, бо нишон додани сабаби гузариш ба расмият дароварда мешавад.
238. Барои кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, ки 15 сол ва аз он зиёд собиқаи корӣ доранд, дар ҳолати барҳамдиҳии яке аз сохторҳои мақомоти корҳои дохилӣ (воҳидҳои он), бо сабаби вазъи саломатӣ ё ихтисори воҳидҳои корӣ ҳангоми ба мансаби поёнтар гузаронидан, андозаи маоши мансабиашон аз рӯйи мансаби охирини ишғолнамуда барои онҳо нигоҳ дошта мешавад.
239. Корманди мақомоти корҳои дохилӣ, ки ба мансаби поёнӣ гузаронида шудааст, дар оянда бо дарназардошти ихтисоси хизматӣ, таҷрибаи корӣ, сифатҳои шахсӣ ва вазъи саломатӣ метавонад тариқи болоравии мансабӣ пеш равад.
240. Корманди мақомоти корҳои дохилӣ метавонад аз рӯйи мансаб иҷрокунандаи вазифа таъин гардад. Дар ин ҳолат муҳлати иҷрои вазифаи холии мансабӣ на зиёда аз ду моҳ ва мансаби холӣ на зиёда аз чор моҳ (ба истиснои иҷрокунандаи мансаби холӣ ҳангоми пешниҳоди рухсатӣ бо сабаби ҳомиладорӣ ва таваллуд, инчунин нигоҳубини кӯдак) зиёд набошад ва рутбаи махсуси навбатӣ аз рӯйи мансаби ишғолкардааш дода мешавад.
241. Гузаронидани корманди мақомоти корҳои дохилӣ барои кор ба минтақаи дигар бо ташаббуси сардори мақомоти корҳои дохилӣ танҳо бо розигии корманд, ба шарте ки тартиби дигар дар шартнома муайян нашуда бошад, амалӣ мегардад. Ба минтақаи дигар гузаронидани корманди мақомоти корҳои дохилӣ барои хизмат, аз ҷумла бо сабаби тағйири ҷойгиршавии мақомоти корҳои дохилӣ танҳо бо розигии корманд, агар тартиби дигаре дар шартнома пешбинӣ нашуда бошад, амалӣ карда мешавад.
242. Ҳангоми гузаронидани корманди мақомоти корҳои дохилӣ ба минтақаи дигар барои хизмат ба ӯ ва аъзои оилааш манзили истиқоматии хизматӣ дар маҳалли зисти доимӣ дар давоми муддати хизматаш бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҷудо карда мешавад.
243. Ҳангоми ҷойивазкунии хизматӣ ва таъиноти ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунанда аз як ҷой ба ҷойи дигари хизмат ба масофаи зиёда аз 100 (сад) километр аз ҳисоби маблағи буҷетҳои дахлдор пардохтҳои зерин амалӣ карда мешаванд:
- роҳкирои корманд ва аҳли оилаи ӯ дар нақлиёти автомобилӣ, роҳи оҳан ва ҳавоӣ;
- хароҷоти кашонидани молу амвол дар доираи меъёрҳои муайяншуда;
- ёрдампулии яквақта вобаста ба ҷойивазкунии корманд дар ҳаҷми як маоши вазифавӣ ва рутбавӣ ва ба ҳар як аъзои оилаи ӯ чоряк ҳиссаи маблағи ёрдампулии ба корманд тааллуқдошта.
244. Дар сурати таъмин нагардидани корманд ва аҳли оилаи ӯ бо манзили хизматӣ, пардохти ҳармоҳаи маблағи иҷораи манзил бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
245. Таъин ва ба мансаби дигар гузаштани ҳайати қаторӣ, миёна ва калони роҳбарикунанда дар хизмат аз тарафи сардорони бевосита мувофиқи салоҳияташон амалӣ шуда, зимни анҷоми ин корҳо тибқи тартиби муқаррарнамудаи вазири корҳои дохилӣ бояд шартҳои зерин риоя карда шаванд:
- кормандон бояд аз рӯйи ихтисоси асосӣ ё ба он наздик, ё мувофиқи таҷрибаи доштаашон бо розигии онҳо таъин ва гузаронида шаванд ва ҳангоми зарурат дар мансабҳои барои ихтисоси онҳо нав бояд курсҳои дахлдори азнавтайёркуниро гузаранд;
- болоравии ҳайати қаторӣ, миёна ва калони роҳбарикунанда дар хизмат дар асоси интихобӣ вобаста ба дараҷаи тахассусӣ, маҳорату малакаи баланди касбӣ, собиқаи хизматӣ, натиҷаҳои ба даст оварда дар минтақаҳои хизматӣ, барои иҷрои вазифаҳои баланди мансабӣ маҳорат нишон додаанд, инчунин хулосаҳои аттестатсионӣ анҷом гирад;
- кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои ташкилию воҳидӣ ба муҳлати то ду моҳ ва на зиёда аз шаш моҳ дар ихтиёри кадрҳои мақомоти корҳои дохилӣ қарор дода мешаванд. Давраи дар рухсатии меҳнатӣ (ғайр аз рухсатии меҳнатии вобаста ба нигоҳубини кӯдак) ва ҳангоми табобат дар муассисаҳои тиббӣ, ё ин ки беморӣ будан мутобиқи Низомномаи мазкур ба муҳлати дар ихтиёри мақомоти корҳои дохилӣ қарор доштани онҳо ҳисоб карда намешавад;
- бо риоя намудани муқарароте, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» пешбинӣ намудааст;
- таъинот ва ҷойивазкунӣ ба мансаби ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи ба Феҳрасти мансабҳо дохилшаванда, ки ба танзим даровардани иҷозати махсусро ба корҳои муҳим ва кор бо ҳуҷҷатҳои махфӣ тақозо менамояд, танҳо баъди мувофиқа бо мақомоти амният амалӣ карда мешавад.
246. Корманде, ки дар ихтиёри кадрҳои мақомоти корҳои дохилӣ қарор дорад, дар давоми то шаш моҳ ду маротиба ба хадамоти кадрӣ расман даъват гардида, ба ӯ мансабҳои холӣ барои таъин гардиданаш пешниҳод карда мешавад. Дар сурати рад намудани мансабҳои холии ба корманд пешниҳодшуда ё ҳозир нашудан бо даъвати расмӣ ба хадамоти кадрӣ бе сабабҳои узрнок корманд аз мақомоти корҳои дохилӣ озод карда мешавад.
6. ҚАТЪИ ХИЗМАТ ДАР МАҚОМОТИ КОРҲОИ ДОХИЛӢ
247. Асосҳо барои қатъи хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ инҳо мебошанд:
- озодкунӣ аз мақомоти корҳои дохилӣ;
- қатъ гардидани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё соҳиб шудан ба шаҳрвандии давлати дигар;
- нафақагири Ҷумҳурии Тоҷикистон ё давлати хориҷӣ будан;
- тибқи тартиби қонунгузорӣ бе ному нишон гумшуда эътироф гардидани корманд;
- бо тартиби муқарраршуда фавтида эълон намудани корманд;
- вафоти корманди мақомоти корҳои дохилӣ.
248. Аз хизмат озод намудани кормандони мақомоти корҳои дохилӣ бо асосҳои зерин амалӣ мегардад:
- ба эҳтиёт (бо нигоҳ доштан дар қайди ҳарбӣ) - агар озодшудагон ба синну соли муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» барои дар қайди эҳтиётӣ истодани шахсоне, ки рутбаи дахлдори ҳарбӣ дошта, аз рӯйи вазъи саломатӣ барои хизмати ҳарбӣ коршоям ҳастанд, нарасидаанд;
- ба истеъфо (бо баровардан аз қайди ҳарбӣ) - агар озодшуда ба синну соли муайяннамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» барои дар қайди эҳтиётӣ истодани шахсоне, ки рутбаи дахлдори ҳарбӣ доранд ё аз тарафи комиссияи тиббии ҳарбӣ аз рӯйи вазъи саломатӣ барои хизмати ҳарбӣ корношоям ҳастанд, расидаанд, бо баровардан аз қайди ҳарбӣ.
8. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
282. Тартиби адои хизмат аз ҷониби ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ дар давраи ҷанг тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

















